Дар шаш моҳи аввали соли равон Садорати адлияи вилоят беш аз 4 миллиарду 3 миллион сӯм маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро баргардониданд. Дар ин бора, дар анҷумани матбуотие, ки ба натиҷаҳои фаъолияти органҳои адлияи вилоят дар нимсолаи аввали соли равон бахшида шуд, маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра ба Садорати адлия 3 ҳазору 964 муроҷиат омада, 1 ҳазору 974 тои он қонеъ гардонида шуд. Ба 1 ҳазору 445 муроҷиати дигар шарҳи ҳуқуқӣ дода шудааст.
— Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ва татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ ба судҳо 240 аризаи даъвогӣ ба маблағи беш аз 5 миллиарду 92 миллион сӯм пешниҳод шуд, — гуфт ҷонишини якуми роҳбари Садорати адлияи вилоят Озодҷон Шодиқулов. – Аз онҳо 229 то даъво ба маблағи 4 миллиарду 912 миллион сӯм қонеъ гардонида шуд. Инчунин, дар натиҷаи омӯхта шудани 703 пешниҳод баргардонидани 4 миллиарду 300 миллион сӯм маблағ ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ таъмин гардид. Аз он 2 миллиарду 800 миллион сӯм ба манфиати соҳибкорон рост меояд.
Дар анҷумани матбуотӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон равона шуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Марказҳои хизматрасонии давлатӣ 644 ҳазору 607 хизмат расонидаанд. Аз ин шумора 41 ҳазору 138 тояш ба шакли онлайн анҷом дода шудааст. Инчунин, дар бораи хизматрасониҳои соҳаҳои СДҲШ (ЗАКС), қонуншиканиҳои ошкоршуда ва хизматрасонии нотариалӣ маълумот дода шуд. Дар охир рӯзноманигорон ба намояндагони органҳои адлия саволҳои худро пешниҳод намуда, оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, баррасии муроҷиатҳо, қонуншиканиҳо дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди хизматрасониҳои электронӣ ҷавоб гирифтанд.
Дилафрӯзи РАҲМОН
