Ovozi.uz

Мусобиқаи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» оғоз ёфт

Мавсими якуми имсолаи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» миёни ҷавонони сокини маҳаллаҳо шурӯъ шуд.

Дар спартакиадаи имсола ҷавонони маҳалла аз рӯи 14 намуди варзиш дар тоифаи синну соли 14-30 – стритбол, воркаут, шоҳмот, шашка, варзиши сабук, футбол, мини-футбол, тенниси рӯимизӣ, армрестлинг, гимнастика, волейбол, гӯштин ва гандбол, инчунин намудҳои адаптиви варзиш рақобат мекунанд.

Бино ба хабари Садорати варзиши вилоят, то кунун беш аз 323 000 нафар ҷавонон барои ширкат дар Олимпиадаи вилоят тавассути платформаи “5 tashabbus.uz” номнавис шудаанд.

Давраи оғозини озмуни шашка дар доираи олимпиада рӯзҳои 11-13-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Рӯзҳои 14-15-уми март воркаут ва 17-19-уми март марҳилаи якуми шоҳмот (марҳилаи маҳаллавии байникӯчаҳо) баргузор мешаванд. Инчунин, мусобиқаи гандбол аз марҳилаи дуюм, яъне аз марҳилаи секторӣ оғоз гардида, рӯзҳои 24-26 март баргузор мегардад.