Ovozi.uz

Ба бонувон асрори IT омӯзонида мешавад

Дар мактаби технологияҳои байналхалқии «School 21» бо кумаки Вазорати технологияҳои рақамӣ лоиҳаи «Women Empowerment Week» ба кори худ шурӯъ кард. Лоиҳа ба дастгирии духтароне, ки мехоҳанд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва соҳаи рақамӣ карера кунанд, нигаронида шудааст.

Барои иштирок дар ин лоиҳа аз довталабоне, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурии мо зиндагӣ мекунанд, зиёда аз 400 дархост ворид гардид. Ташкилотчиён аз миёни онҳо 50 нафар беҳтарин иштирокчиро интихоб карданд. Дар доираи чорабинӣ барои духтарон тамоми шароиту имкониятҳо, аз ҷумла хӯрок, хобгоҳ ва дастрасӣ ба компютер фароҳам оварда шудааст.

Дар таркиби иштирокчиёни ҳафтаина ба ҷуз аз донишҷӯён, мутахассисон ва заноне, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, шомиланд. Лоиҳа барои иштирокчиён самаранок буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки малакаҳои навро бомуваффақият аз худ кунанд, ба худ эътимод пайдо кунанд ва тавассути кор дар соҳаи технология ба бозори меҳнат ворид шаванд.

Иштирокчиён идоракунии лоиҳа ва маҳсулот, инчунин чӣ гуна ҷустуҷӯи ҷойҳои кории IT дар платформаҳои озод ва эҷоди резюме ва портфели қавӣ барои ворид шудан ба бозорро меомӯзанд. Барнома бо иштироки коршиносони варзидаи соҳа бо таҷрибаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони TBC, Rayme, Group-IB ва Women in Tech гузаронида мешавад.