Бонки марказии Ӯзбекистон лоиҳаи қарореро таҳия кардааст, ки ба таҳкими бехатарии киберӣ ва пешгирии қаллобӣ ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои молиявии онлайн равона шудааст.
Дар лоиҳа як қатор талаботи нав пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои муайян кардани шахсияти муштариён дар баробари коди SMS истифодаи усулҳои шиносоии биометрӣ ва тасдиқ тавассути дастгоҳи мушаххас ҷорӣ карда мешавад.
Инчунин, муштариён метавонанд мустақилона маблағи дилхоҳи худро дар суратҳисоб маҳкам ё аз ҳолати маҳкам озод кунанд. Барои пешгирии қаллобӣ боздоштани муваққатии амалиётҳои шубҳанок низ пешбинӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, агар дар дастгоҳи муштарӣ барномаҳои зараровар ошкор шаванд, бонк бояд дар давоми як соат ӯро огоҳ карда, анҷом додани амалиётҳои муҳимро маҳдуд намояд.
Барои шаҳрвандоне, ки аз санҷиши биометрӣ гузашта наметавонанд, усулҳои алтернативии тасдиқи шахсият истифода мешаванд.
Илова бар ин, бонкҳо вазифадор мешаванд, ки дар бораи ҳодисаҳои киберӣ дар давоми 24 соат ба Бонки марказӣ хабар диҳанд. Ҳамчунин, масъулияти онҳо барои таъмини амнияти мубодилаи маълумот бо ташкилотҳои ҳамкор муайян карда мешавад.
Лоиҳаи қарор барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шудааст. Шаҳрвандон метавонанд тавассути портали танзимоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо он шинос шуда, пешниҳодҳои худро фиристонанд.
Бонки марказӣ огоҳ мекунад, ки кодҳои SMS, маълумоти кортҳои бонкӣ ва паролҳоро набояд ба шахсони дигар пешниҳод кард. Зеро кормандони бонк ҳеҷ гоҳ тавассути телефон чунин маълумоти махфиро талаб намекунанд.
Бонки марказӣ барои пешгирии қаллобӣ дар хизматрасониҳои молиявии онлайн чораҳои нав меандешад
