Ovozi.uz

Корҳои ободонӣ дар роҳҳои дохилии бозорҳои деҳқонӣ

Ба тартиб овардани фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва маҷмӯаҳои савдо, ободгардонӣ ва ҳолати санитарии онҳо ҳамеша дар маркази эътибори ҳокимияти вилоят қарор дорад.
Дар ҷамъомади қаблии ҳокимият барои мумфарш ва бетон кардани роҳравҳои дохилӣ ва истгоҳҳои нақлиётии бозорҳои деҳқонӣ, ки ҳолаташон хароб буд, масъулон таъйин гардида буданд. Мавзӯи ҷамъомади навбатии дар ҳокимияти вилоят баргузор гардида низ роҷеъ ба корҳои ободонӣ дар бозорҳои вилоят ва маҷмӯаҳои савдо, инчунин, ба масъалаҳои иҷрои вазифаҳои муайянгардида бахшида шуд.
— Тибқи натиҷаи омӯзиши гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят то ҳол дар бозорҳо ба миқдори умумӣ 36,8 ҳазор метри мураббаъ мумфарш, 42,2 ҳазор метри мураббаъ бетон ва 33,8 ҳазор метри мураббаъ сангу шағалпӯш карда шудааст. Дар байни ҳудудҳо ҳисоб карда шавад, корҳо дар ҶММ «Мойбулоқ деҳқон бозори»-и ноҳияи Каттақӯрғон ба 76 дарсад, дар филиали Султонободии ҶММ «Пахтачи деҳқон бозори»-и ноҳияи Пахтачӣ ба 59 дарсад, дар ҶММ «Накурт деҳқон бозори»-и ноҳияи Пайариқ ба 51 дарсад иҷро гардида бошанд ҳам, то ҳол дар ҶММ «Оқтепасой деҳқон бозори»-и ноҳияи Қӯшработ ба 21 дарсади кор ва дар ҶММ «Яхши ният деҳқон бозори»-и ноҳияи Нуробод 5 дарсади вазифаҳо иҷро гардидаанд, — гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов.
Дар давоми муҳокима роҳбари вилоят аз масъулон ба ин ҳолатҳо эзоҳ пурсид. Дар поёни ҷамъомад ба масъулон барои нашудани лой ва кӯлмакҳо дар роҳҳо ташкил намудани роҳҳои бетонӣ, онҳоро ба миқдори кофӣ бо қуттиҳои партов таъмин кардан, бо як сухан барои фурӯшанда ва харидорон фароҳам овардани шароитҳои хуб, дар ҳоли нишон додани муддатҳо вазифаҳои муайян супурда шуд.