Рӯзи 27‑уми октябр интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Имрӯзҳо ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба депутатӣ дар ҷойҳо тадбирҳои ташвиқотии пешазинтихоботии худро мегузаронанд. Дар ҳудудҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳо ташкил гардида, барномаи пешазинтихоботӣ пешкаш карда мешавад.
Тибқи кодекси интихобот, интихобкунандае, ки дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисташ намешавад, ҳуқуқи пеш аз муддат овоз доданро доранд.
Ҷараёни пеш аз муддат овоз додан, даҳ рӯз қабл аз интихобот оғоз меёбад ва се рӯз пеш аз он ба анҷом мерасад. Вақти гузаронидани овоздиҳии пеш аз мӯҳлатро Комиссияи марказии интихобот маълум ва ба эътибори интихобкунандагон назоратчиён тавассути васоити ахбори оммавӣ пешкаш мекунанд.
Комиссияи марказии интихобот 8‑уми октябри соли равон дар ҷамъомади навбатии худ масъалаи ташкил намудани овоздиҳии пеш аз муддати интихоботкунандагонро баррасӣ ва қарор қабул кард. Мувофиқи он, интихобкунандагоне, ки рӯзи интихобот дар ҷойи истиқомати худ намешаванд, рӯзҳои 16–23‑юми октябри соли 2024 аз соати 9:00 то 18:00, рӯзҳои истироҳатӣ бошад аз соати 11:00 то 17:00 ба қитъаҳои интихоботии ҳудуди худ рафта, пеш аз мӯҳлат овоз дода метавонанд.
Барои амалӣ гардонидани интихоботи пеш аз муддат интихобкунанда бо пешкаш намудани ариза роҷеъ ба сабабҳои дар рӯзи интихобот овоз дода натавонистанаш (таътил, сафари хизматӣ, ба хориҷ рафтан ва ғайра) аз комиссияи дахлдори қитъаи интихоботӣ бюллетенҳои интихоботро ба даст меоварад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани бюллетенҳои интихобот бо иштироки ҳадди ақал ду нафар аъзои коммисияи интихоботии қитъа ба рӯйихати интихобкунандагон имзо мемонад.
Бюллетенҳои интихобот дар кабина ё хонае, ки барои овоз додан махсус ҷиҳозонида шудааст, пур карда мешавад.
Интихобкунанда қарор қабул мекунад ва бюллетенҳои пуршудаи интихоботро дар лифофа (конверт)-и пӯшида мегузорад, лифофа дар сейфи комиссияи интихоботии қитъаи дахлдор нигоҳ дошта мешавад. Ба ҷойи ширеш кардаи лифофа имзои ду нафар аъзои коммисияи интихоботи қитъаро гузошта, онро бо мӯҳри комиссия тасдиқ мекунанд.
Рӯзи интихобот, пас аз анҷоми овоздиҳӣ бюллетенҳои дар дохили лифофа буда низ ба қутии интихобот ҳамроҳ гардида, сипас ҷамъи овозҳо шумурда мешаванд.
Ҳоло дар тамоми қитъаҳои интихоботии вилоятамон барои гузаронидани овоздиҳии пеш аз мӯҳлат ба миқдори даҳ дарсади шумораи умумии интихобкунандагон бюллетенҳои интихобот расонида шудааст.
Амрилло АКТАМОВ,
котиби комиссияи вилояти интихобот.
