Дар ҷараёни тадриҷан гузаштан ба принсипҳои бозорӣ дар соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика чораҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ тақвият дода мешаванд.
Тибқи фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар ҷараёни гузариш ба принсипҳои бозорӣ дар соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика», меъёри даромади миёнаи моҳонаи ба ҳар як узви оила ростомада барои муайян кардани ниёзмандии оилаҳо зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла, ҳангоми таъини ҷубронпулӣ барои хароҷоти нерӯи барқ ва гази табиӣ ин меъёр аз 1,5 баробари хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ то 2 баробар зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин, ҳангоми ҷудо намудани кумакпулии моддӣ барои ҷуброни як қисми хароҷоти хариди ангишт меъёри даромад аз як баробар то ду баробар боло бурда мешавад. Илова бар ин, ҳангоми пардохти ҷубронпулӣ аз ҳисоби маблағҳои Бунёди «Саховат ва кумак» барои пӯшонидани хароҷоти коммуналӣ, бартараф кардани қарзи хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини аҳолӣ бо ангишт ё дигар навъҳои сӯзишворӣ низ ин меъёр аз як баробар то ду баробар зиёд карда мешавад.
Ҳамзамон, муҳлати ҷуброни фарқи байни тарифҳои муқаррарӣ барои истеъмоли нерӯи барқ ва гази табиӣ дар доираи меъёри асосӣ ва тарифҳои истеъмоли аз меъёри муқарраршуда зиёд то 1 апрели соли 2028 тамдид карда мешавад. Пардохти кумакпулии моддӣ барои ҷуброни як қисми хароҷоти хариди ангишт бошад, то 1 январи соли 2029 идома меёбад.
