Ovozi.uz

Ҳафтаинаи мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд

Дар Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финляндия ба муносибати Рӯзи хотира ва қадршиносӣ таҳти шиори “Хотира абадӣ – қадр муқаддас” ҳафтаинаи мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа, ки бо мақсади дар руҳи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳамчун фарзанди содиқи диёр муқаддас донистани ҳар зарраи хоки кишвар ташкил гардид, донишҷӯёни факултетҳо аз рӯйи футбол, гӯштин, армрестлинг, тенниси рӯи миз, баскетбол, давидани варзиш қувва озмуда, ғолибон муайян карда шуданд.
Дар анҷом донишҷӯён аз рӯйи варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 500 метр (духтарон) ва 1000 метр (писарон” қувва озмуданд. Бино ба натиҷаҳо дар байни писарон Илёс Ӯткиров ва миёни духтарон Машҳура Мирзоев пирӯзиро ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки дар ҳафтаинаи мусобиқаҳои варзишӣ ҷамоаи донишкада фаъол иштирок намуданд. Ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои донишкада сарфароз гардиданд.
Мирзоулуғбек ЮСУПОВ, муаллими калони Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финляндия