Ovozi.uz

МАЪВОИ ШОИР — ДИЛИ МАРДУМ

Шоири халқии Ӯзбакистон Муҳаммад Юсуфро ҳама ҳамчун эҷодкори асили халқпарвар, сарояндаи беҳамтои ватан ва вассофи ишқу инсоният мешиносанд. Имсол ба зодрӯзи ӯ 70 сол пур мешавад. Бахшида ба ин муносибат дар сартосари мамлакатамон чорабиниҳои зиёди маънавю маърифатӣ гузаронида мешаванд.
Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии технологияи Самарқанд (ДБТС) дар меҳмонхонаи «Hilton Samarkand Regency» таҳти унвони «Ман ҳамчун суруд бармегардам…» чорабинии маънавию маърифатии бошукуҳе ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ ба ғайр аз устодону донишҷӯёни хориҷиву ватании донишгоҳ, инчунин адабиётшиносон, меҳмонон ва ҳаводорони шеъри шоир ширкат доштанд. Дар чорабинӣ нутқи ба сухан баромадагон ба забони англисӣ ҳам тарҷима карда шуд.
Дар оғози тадбир баробари намоиши наворҳои нотакрор ҳамагон бо ҳаёту фаъолияти Муҳаммад Юсуф шинос гардиданд. Ӯ соли 1954 дар деҳаи Қовунчии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1971 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи ҷумҳуриявии забон ва адабиёти рус дохил шуда, пас аз хатми он ба Ҷамъияти китобдӯстони Ӯзбекистон ба кор даромадааст. Сипас, вазифаҳои хабарнигори рӯзномаи «Шоми Тошканд», мусаҳҳеҳи нашриёти ба номии Ғафур Ғулом, хабарнигори рӯзномаи “Ӯзбекистон овози”, ҷонишини сармуҳаррири Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, мудири шӯъбаи журнали “Тафаккур”-ро ба ҷо овардааст.
Аввалин шеъраш соли 1976 дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъати Ӯзбекистон» чоп шудаааст. Пас аз нӯҳ сол, яъне соли 1985 нахустин маҷмӯаи ашъори шоир «Сафедорони шинос» – “Таниш тераклар” ба табъ расидааст. Баъд маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ таҳти номҳои «Ба булбул як гап дорам» — “Булбулга бир гапим бор” (1987), «Илтиҷо» (1988), «Духтари хуфта» “Уйқудаги қиз” (1989), “Аллаҳои Ҳалимабибиам” — «Ҳалима энам аллалари» (1989), “Киштии ишқ” — «Ишқ кемаси» (1990), “Дар дилам як ёр” — «Кӯнглимда бир ёр» (1991), “Бевафо бисёр будааст” — «Бевафо кӯп экан» (1991), “Оҳуи эрка” — «Эрка кийик» (1992), «Ба осмонам гирифта мебарам» -“Осмонимга олиб бораман” (1998) дастаи хонандагон гардидаанд ва обрӯву нуфузи шоирро баланд бардоштаанд.
Дар рафти чорабинӣ профессори ДБТС, Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон, шоира Хосият Бобомуродова, мухтахассиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зӯҳробегим хотираҳои худро нақл карда, дар бораи эҷодиёти шоир сухан ронданд ва аз шеърҳои ӯ қироат карданд.
Дар ҷашни 70-солагии Муҳаммад Юсуф ҳамсари шоир Назира Ассалам низ ҳузур дошт. Вай ҳангоми баромадаш дар бораи ҳаёти якҷоя, хусусиятҳои инсониву шоирии ҳамсараш, таърихи пайдоиши шеърҳои Муҳаммад Юсуф ва ғайра суҳбат намуда, чандин шеъҳои ӯро ба забон овард.

  • Баъди даъват ба Самарқанд хеле ба ҳаяҷон омадам, — гуфт дар аввали суханаш Назира Ассалом. – Лекин Самарқанд барои ман ҷойи бегона нест. Худи ман ҳам дар Самарқанд таваллуд шудаам. Муҳаммадака ҳам Самарқандро бисёр дӯст медоштанд. Бахшида ба ин шаҳр бисёр шеърҳо ҳам навиштаанд. Дар шеърҳои он кас самимият ҳис карда мешавад. Ҳақиқатро дар ҷойи якум мемонанд. Ҳамаи шеърҳо соддаву оммафаҳм бошанд, ки қалби мардумро ба эҳсос меорад ва нишонрасу дилчасп иншо карда мешуданд. Бинобар ҳамин, ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи халқ қадршиносӣ гардида, эҳтироми хосса зоҳир карда мешавад. Дар Хиёбони адидон ҳайкали Муҳаммад Юсуфро монданд. Ба номи шоир стипендия, нишони сарисинагӣ таъсис дода шуданд. Фонди Муҳаммад Юсуф ташкил гардид. Рӯзномаи “Қалами тиллоӣ” нашр мешавад. Дар Туркия мунтахаби ашъорашон чоп шуд. Бахшида ба 60-солагии шоир шеърҳояшон ба 7 забон аз нашр баромад. Ҳофизу бастакорон ба бисёр шеърҳояшон оҳанг баста, бо маҳорати баланд иҷро мекунанд. Дар ин тадбири имрӯза, ки хориҷиён низ иштирок мекунанд, ин боиси хурсандии ҳамаи мост.
    Таронаҳои нотакрор, ки мудири кафедраи маънавиёт ва маърифати ДБТС Зулфия Рашидова ва донишҷӯён аз ашъори шоир иҷро карданд, ба назари ҳозирон симои шоирро боз ҳам барҷастатар гардониданд.

    Б.ҶУМЪАЕВ