Дар ноҳияи Ургут вохӯрии роҳбари сектори сеюми вилояти Самарқанд, сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Раҳмат Маматов бо ҷавонон баргузор гардид.
Сарвари садорат дар бораи имконияту шароите, ки дар кишварамон барои ҷавонон фароҳам гардидааст, оид ба натиҷаҳои бадастовардаи ҷавонписарон ва духтароне, ки аз онҳо самаранок истифода мебаранд, инчунин, ҷавонони чемпиони Ургут, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногун ҳарф зад. Ҳамзамон, дар бораи қонуншиканӣ ва ҷиноятҳое, ки баъзе ҷавонон даст задаанд, оқибатҳои он сухан кард. Аз ҷавонписарон ва духтарон даъват кард, ки аз вақти худ пурсамар истифода баранд, дониш андӯзанд, касбу ҳунар омӯзанд ва барои дар ҷамъият мавқеи худро пайдо кардан кӯшиш намоянд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худ ва мушкилоте, ки рӯ ба рӯ меоянд, ба сарвари садорат муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, Динора Худойназарова хоҳиши таҳсил дар самти корҳои дохилиро изҳор дошт.Донишҷӯи филиали ургутии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Иброҳим Абдумӯъминов барои пардохти пули шартнома, Райҳона Хурсандова барои ҷудо кардани кредит барои оғози фаъолияти дӯзандагӣ аз сарвари садорат ёрӣ пурсиданд.
Аз рӯи ҳар як муроҷиат ба шахсони масъул супориш дода, иҷрои онҳо зери назорат гирифта шуд.
Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ ҷавонони Ургут ID-картаҳо ва ба Интизор Абдусатторова ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорида шуд. Ба ҷавонони китобдӯст маҷмӯаи китобҳои бадеӣ низ пешкаш карда шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ намоишҳои техникаи махсуси ҳарбӣ ва ҷангӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва мусаввирии ҷавонон ва спектакли «Абдулҳамид Чӯлпон»-и ҳаваскорони наврасро тамошо карданд.
Дар доираи вохӯрӣ сарвари садорат ва ҷавонон бо фаъолияти корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» шинос шуда, бо ҷавононе, ки дар ин масканҳо кор мекунанд, суҳбат карданд. 5 нафар ҷавонони таҳти назорати пробатсия барои кор дар корхонаҳои минтақаи иқтисодӣ роҳхат гирифтанд.
Муроҷиатҳои ҷавонони ургутӣ шунида шуд
