Доғи рӯз
Як баҳси хурд дар бораи телефони пинҳонкардашуда, сухани сахт, ё дахолати шахси сеюм. Баъзан вайроншавии оила аз ҳаминҳо оғоз мешавад. Аммо ин баҳсҳо то расидан ба дари суд моҳҳо ва ҳатто солҳо ҷамъ мешаванд.
Падару модари Нозимаи 21-сола ӯро бо розигии худаш ба шавҳар доданд. Солҳои аввали зиндагӣ хеле ором гузаштанд. Падару модари шавҳараш — Умед дар хориҷа зиндагӣ ва меҳнат мекарданд. Нозима пасу пеш ду нафар фарзанд таваллуд кард. Бо гузашти вақт ҳис мекард, ки рӯз то рӯз муносибати шавҳараш дигар мешавад. Умед ба оила ва фарзандонаш вақт ҷудо намекард. Меҳнат карданро намехост. Танҳо ба пули волидонаш чанд чизи барои рӯзгор муҳимро мегирифту халос. Маблағи боқимондаро ба ҳою ҳаваси худаш сарф мекард. Ба эҳтиёҷоти фарзандонаш парвое надошт. Вақташро бо телефону шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронид. Онҳо хеле кам суҳбат мекарданд. Аз суҳбат дида, баҳс зиёд буд. Дар аввал, Нозима аз ин муносибати шавҳараш норозӣ мешуд. Баъдтар, ҷойи норозигиро гумон гирифт. Норозигиву шубҳа, баҳсҳои пайдарпай сабаби аз байн рафтани боварӣ шуду оила ба остонаи ҷудошавӣ расид…
Ин муноқишаҳои танҳо як оила аст. Аммо тақдири онҳо саволеро пеш меорад: чаро оилаҳои ҷавон аз муросо дида, ҷудоиро беҳтар мешуморанд?
Паси ҳар як рақам тақдири инсон меистад
Мувофиқи маълумоти Садорати статистикаи вилоят, соли 2024 дар вилояти Самарқанд 4 ҳазору 599 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондод дар соли 2025 4 ҳазору 800‑ро ташкил кардааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 беш аз 2 ҳазору 500 ҳолати бекор кардани никоҳро ба қайд гирифтаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 200‑то зиёд аст. Ин рақамҳо як тарафи масъалаанд, паси ҳар як ҳолат тақдири инсон, парокандагии оила, вайроншавии муносибатҳо ва аксар вақт чашмони ба меҳр ташнаи кӯдакон меистад.
Ҷудошавии оилаҳо сабабҳои гуногун дорад
— Мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷират, дахолати шахси сеюм, хиёнат, истифодаи нодурусти телефону шабакаҳои иҷтимоӣ, набудани масъулияти зану шавҳар аз омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо мебошанд, — гуфт собиқ роҳбари Маркази минтақавии барқарорсозии ҳифзи занон ва кӯдакон аз фишор ва зӯроварӣ Моҳира Азимова. — Тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, пеш аз никоҳ аз муоинаҳои тиббӣ нагузаштани онҳо низ баъзе муаммоҳои оилавиро ба миён меорад. Баъзан зану шавҳар бо низоъҳои хурди оилавӣ низ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо бояд дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гардида, занони оқила, модаркалонҳои соҳибтаҷриба дар омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ бештар ҷалб карда шаванд.
Бунёди оила танҳо бастани ақди никоҳ ё гузаронидани тӯйи бодабдаба нест. Баъди гузаштани тӯй муаммоҳои зиндагӣ (масъулият, хароҷот, тарбияи фарзанд, муносибат бо ҳамсар, наздикони вай ва қабули қарорҳои муштарак) оғоз мешавад.
— Оила муқаддас аст ва ҳифзи он вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад, — гуфт собиқадори меҳнат Фароғат Шокирова. — Солҳои охир шоҳиди он мешавем, ки баъзе волидон фарзандонашонро хеле барвақт ба шавҳар медиҳанд ё хонадор мекунанд, дар ҳоле ки ҷавонон ҳанӯз масъулияти оиларо пурра ҳис накардаанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҷавонон ба зиндагии осон одат карда, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо муаммоҳои рӯзгор ва ҳаёти мустақилона қарори дуруст қабул карда наметавонанд. Бинобар ин, пеш аз ба ҳаёти мустақилона гусел кардани ҷавонон, онҳоро бояд тайёр кард. Яъне ҷавонон бояд донанд, ки зиндагии оилавӣ танҳо аз лаҳзаҳои хуш иборат нест. Дар он сабр, масъулият, ҳурмату эҳтироми якдигар ва бахшида тавонистан бояд мавҷуд бошад.
Келину домод пеш аз тӯй шинос буданд ё не? Ин ба мустаҳкамии оилаҳо таъсир дорад?
— Ба фикрам шинос будан беҳтар аст. Зеро, худи мо бо шавҳарам ба воситаи хостгорҳо оила бунёд кардаем, — гуфт Заррина Пулодова, тарбиятгари кӯдакистони хусусӣ.
Якдигарро чанд маротиба ҳангоми аризасупории ақди никоҳ дидаем. Он вақтҳо воситаҳои алоқа ҳам он қадар рушд наёфта буд. Ҳоло зиндагиамон хуб аст, лекин рӯзҳои аввали оиладорӣ ҳардуямон ҳам ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем. Ҳамдигарро намефаҳмидем. Ҳатто то остонаи ҷудошавӣ расида будем. Хушдоманам ва модарам бо суханони тасаллибахш ва насиҳатҳояшон оилаи моро нигоҳ доштанд. Дар мустаҳкамии оила нақши волидон ҳам калон аст. Ҳамон вақт ба худ гуфта будам, ки ба фарзандонам имкон медиҳам, ки ҳамсарашонро худашон интихоб кунанд.
— Мо пеш аз тӯй ҳамдигарро намешинохтем, бо маслиҳати калонсолон оиладор шудем, — гуфт Соҳиба Абулфайзова, — сокини шаҳри Самарқанд, нафақахӯр. Дар аввал каме душвор буд, вале бо гузашти вақт якдигарро фаҳмидем. Ҳоло зиндагиро бидуни якдигар тасаввур намекунем. Ба фикрам, танҳо шинос будан кифоя нест, ки оила мустаҳкам бошад. Чанд оиларо медонам, ки солҳои зиёд якдигарро дӯст дошта, бо ҳамдигар вақт гузаронида, оиладор шудаанд. Аз байн ҳеҷ вақт нагузашта, оилаашон вайрон шудааст. Сабабро пурсем, ситораашон дуруст наомад, гуфтаанд. Бинобар ин, ба мустаҳкамии оила пеш аз ҳама боварӣ, эҳтиром, сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст.
Азиза ва Бунёд ҳарду ба якдигар дил баста, оила бунёд карданд. Дар аввал ҳамааш хуб буд. Аз байн чанд муддат гузашта, модари Бунёд аз ҳар кори Азиза айб ҷустан гирифт. Агар як рӯз келин имрӯз аз хонааш набаромад, ҳатто рӯйи ҳавлӣ нарӯфт гӯяд, рӯзи дигар дасти занат ҳамин қадар ҳам бемазза аст, ки ба таоме, ҳатто, ду килло гӯшт андозад, ки таъм надорад, мегуфт. Дафъаи сеюм, имрӯз ҳамсарат аз телефон сар набардошта, бо касе гап зад, намедонам ин қадар ӯ бадаманаҳ аст, ки гапаш тамом намешавад.
Ҳамин тавр, рӯз то рӯз ҷанҷоли хонадон зиёд мешуду сабук не. Бунёд ба модараш рӯ орад, занаш, ба занаш рӯ орад, модараш. Барои ба муросо овардани онҳо ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, онҳо масъаларо фаҳмидан намехостанд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез шуду ба ҳамааш даст афшонда, роҳи хориҷаро пеш гирифт ва оила вайрон шуд…
Муҳоҷират ва дурии зану шавҳар
Бояд гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба муносибатҳои оилавӣ таъсири худро мерасонад. Солҳои зиёд аз ҳамдигар дур будани зану шавҳар боиси кам шудани суҳбат ва меҳру муҳаббат мегардад. Дар чунин ҳолатҳо, баъзан байни онҳо шубҳа ва нофаҳмиҳо пайдо мешаванд.
— Одатан муаммоҳои оилавӣ дар як рӯз ба вуҷуд намеоянд. Баҳсҳои пайдарпай, набудани самимият, худро танҳо ҳис кардан, дар як хона зиндагӣ карда, аз якдигар дур будан, нодида гирифтани эҳтиёҷоти якдигар оҳиста — оҳиста муносибати зану шавҳарро хунук мекунад, — гуфт равоншинос Мадина Азизова. — Аксар вақт зану шавҳар аз сар задани муаммои калон не, балки аз сабаби муаммои хурде, ки саривақт ҳал нашудааст, аз ҳам дур мешаванд. Вақте ки зану шавҳар ба ҷои ҳалли муаммову камбудиҳо якдигарро айбдор мекунанд. Эҳсосоти худро пинҳон медоранд. Бо гузашти вақт норозигӣ ба нобоварӣ, хашм ба нафрат табдил меёбад. Ҳоло ки дар муносибати оилавӣ боварӣ ва муносибату суҳбати самимӣ аҳамияти муҳим доранд. Шубҳа, назорати аз ҳад зиёд, тафтиши телефон вазъро боз ҳам мураккаб мекунад. Ҳангоми фаъолият бисёр мушоҳида кардаам, баъзан оилаҳо пеш аз он ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ вайрон шаванд, аллакай аз нигоҳи эҳсосӣ аз ҳам дур шудаанд. Бинобар ин, барои пешгирии ҷудоӣ бояд танҳо ба чораҳои ҳуқуқӣ не, балки ба ривоҷ додани маданияти худдорӣ, муомила, тарзи рафтор ва расонидани кумаки психологӣ низ аҳамият дод.
Оё бо ҷудо шудан муаммо ҳал мегардад?
Аксар вақт бекор шудани ақди никоҳ боиси сарзании баҳсҳои дигар мегардад. Алимент, тарбияи фарзанд, ҷойи зист, молу мулк ва муносибати минбаъдаи падару модар бо кӯдакон масъалаҳое мебошанд, ки баъди ҷудошавии оила ба миён меоянд. Алалхусус масъалаи манзил. Баъзан хона ба номи яке аз хешовандон ба қайд гирифта шудааст ва ҳангоми ҷудошавӣ яке аз ҳамсарон барои ҳимояи ҳуқуқии худ ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешавад.
— Ба фикрам, сабаби асосии ҷудошавии оилаҳо дар он аст, ки зану шавҳар масъулияти ҳуқуқӣ ва оилавии худро пурра дарк намекунанд, — гуфт ҳуқуқшинос Фотима Ботирова. — Қонунгузорӣ барои ҳифзи оила ва ҳуқуқи фарзандон имкониятҳои заруриро пешбинӣ кардааст, аммо пешгирии низоъ, пеш аз ҳама, ба масъулият ва муносибати зану шавҳар вобаста аст. Дар таҷриба мебинем, ки дахолати хешовандон, муаммои иқтисодӣ, нофаҳмиҳо ва масъалаҳои манзилу молу мулк аксар вақт ба низоҳои оилавӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, пеш аз муроҷиат ба суд зарур аст, ки имконияти оштӣ, ҳуқуқи фарзандон ва масъалаҳои молу мулку манзил ҳамаҷониба баррасӣ шаванд. Пеш аз талоқ ҷалб кардани ҳуқуқшинос, равоншинос ва дигар мутахассисон метавонад оиларо нигоҳ дорад. Аз ҳама муҳим, падару модар бояд пеш аз дар бораи ҷудошавӣ қарор қабул карданашон манфаати фарзандонро фикр кунанд. Зеро бекор шудани никоҳ масъулияти падару модарро дар назди фарзанд кам намекунад.
— Ҳар боре, ки ба далолатномаи ҷудошавии оила имзо мегузорам, вуҷудамро дарди сарде фаро мегирад, — гуфт роҳбари СДҲШ шаҳри Самарқанд Заррина Нуриддинова. — Алалхусус, вақте ки худам ба ҳамон оила гувоҳномаи ақди никоҳ дода бошам. Ҷавонон ба идораи мо бо сад умеду орзу омада ақди никоҳ мебанданд. Он рӯз аз ояндаи нек, зиндагии якҷоя ва фарзандор шуданро ният мекунанд. Аммо баъзан баъди чанд муддат ҳамон ду нафар ба назди мо меоянд, то бо як имзо зиндагии муштаракашонро вайрон созанд. Ин танҳо як имзо нест. Ҳамон як имзо тақдири чанд нафарро дигаргун мекунад. Хонадоне бесоҳиб, кӯдаке бепадар ё бемодар, зане бетакягоҳ мемонад. Ва он оилае, ки рӯзе бо шодиву ниятҳои нек бунёд шуда буд, дигар мисли пешина намемонад. Аз ин рӯ, пеш аз гузоштани чунин имзо бояд хуб андешид.
Модаркалонам ҳамеша такрор мекарданд, ки бисоти ту шарму ҳаё, сабру тоқат аст. Шояд мо имрӯз ҳамин гуна қонуни нонавиштаи зиндагиро ба ҷавонон омӯхта натавонистем.
Аз ин рӯ, ҷавононро аз хурдсолӣ ба оила тайёр кардан лозим аст. То ки дар роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ афтоянд ҳам худашон хестанро, агар ба муаммоҳо рӯ ба рӯ шавад, нотарсона барои ҳалли он кӯшиданро омӯзанд.
