Ovozi.uz

Аз бозори бехатар то рушди савдои электронӣ

Иқтисоди рақамӣ

Дар ҷаҳони имрӯза вазифаҳои дар назди давлат қарордошта тағйир меёбанд. Агар пештар ба тартиб овардани иқтисод, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, асосан тавассути усулҳои анъанавӣ амалӣ мегардид, имрӯз технологияҳои рақамӣ, савдои электронӣ, хидматрасониҳои байнисарҳадӣ ва фазои ахборӣ муносибатҳои нави ҳуқуқиро талаб мекунанд.
Як қатор қонунҳое, ки дар маҷлиси 18‑уми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, ифодагари ҳуқуқии ҳамин тағйирот мебошанд. Дар онҳо масъалаҳои аз рушди иқтисоди рақамӣ то таъмини бехатарии маҳсулот, назорати бозор, баланд бардоштани масъулияти молиявӣ дар реклама ва мубориза бо экстремизм фаро гирифта шудаанд. Ҳар яке аз ин қонунҳо соҳаи алоҳидаро ба тартиб меорад. Аммо мазмуни умумии онҳо таъмини мувозинати дуруст байни бехатарӣ, озодӣ ва рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Имрӯз рушди иқтисодро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин нуқтаи назар, Қонуни конститутсионии «Дар бораи Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ» аҳамияти махсус дорад. Зеро бо қабули ин қонун заминаи ҳуқуқии Маркази байналмилалии технологияҳои рақамии «Enterprise Uzbekistan» фароҳам оварда мешавад, ки дар ҳудуди IT-парк бар асоси тамоюлҳои ҳуқуқи англисӣ фаъолият хоҳад кард.
Аммо иқтисоди рақамӣ ҳар қадар босуръат рушд кунад ҳам, агар маҳсулоти барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок ба бозор ворид шавад, танҳо рушди иқтисодӣ кофӣ нест. Аз ин ҷиҳат, Қонун «Дар бораи бехатарии умумии маҳсулот» аҳамияти калон дорад. Ҷаҳонишавӣ, рушди савдои электронӣ ва васеъ шудани савдои байнисарҳадӣ имкони интихоби истеъмолгаронро зиёд кардааст. Вале интихоб ҳар қадар бештар шавад, талабот ба бехатарӣ низ ҳамон қадар меафзояд.
Тибқи қонуни нав, маҳсулоте, ки ба бозор бароварда мешавад, бояд бехатар бошад. Истеҳсолкунандагон, воридкунандагон ва операторони иқтисодӣ барои бехатарии маҳсулот бевосита масъул хоҳанд буд.
Ин усул аҳамияти калон дорад. Давлат наметавонад ҳар як маҳсулотро пеш аз ворид шудан ба бозор пурра санҷад. Ин кор ҳам дар амал ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок нест. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама бояд истеҳсолкунанда ё субъекте, ки маҳсулотро ба бозор ворид мекунад, барои бехатарии он ҷавобгар бошад.
Ҳамзамон, низоми нави назорати бозор, ки бар асоси хавфҳо ташкил мешавад, роҳандозӣ мегардад. Хариди назоратӣ, санҷишҳои лабораторӣ, аз муомилот баровардан ва бозпас хондани маҳсулоти хатарнок, инчунин сари вақт огоҳ кардани истеъмолкунандагон аз ҷумлаи чунин чораҳо мебошанд. Ин механизмҳо барои пешгирии паҳншавии маҳсулоти хатарнок дар бозор хизмат мекунанд.
Қонун «Дар бораи назорати бозор» асосҳои ташкилии ин ҷараёнҳоро мустаҳкам мекунад. Муҳим он аст, ки назорат танҳо чун ваколати мақомоти давлатӣ не, балки ҳамчун низоми дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои мушаххас ташкил карда мешавад.
Ҳифзи кафолати ҳуқуқи соҳибкорон низ бесабаб нест. Онҳо ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои назоратӣ иштирок кунанд, бо маводи санҷиш шинос шаванд, сабти аудиоӣ ва видеоӣ анҷом диҳанд ва аз болои қарорҳои мақомоти давлатӣ шикоят кунанд.
Ин нишонаи муҳими назорати замонавӣ аст. Бо баҳонаи таъмини бехатарӣ набояд манфиатҳои қонунии соҳибкорон маҳдуд карда шаванд. Назорати давлатӣ бояд шаффоф, асоснок ва мутаносиб бошад.
Ҳамзамон, масъалаи ба аҳолӣ расонидани маълумоти дуруст дар бораи хидматрасониҳои молиявӣ низ муҳим мебошад. Тағйироти воридшаванда ба Қонун «Дар бораи реклама» талаб мекунад, ки дар рекламаи кредитҳо истеъмолкунанда огоҳ карда шавад: агар ӯ имкони пардохти худро дуруст ҳисоб накунад ё қарзашро сари вақт барнагардонад, метавонад ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шавад.
Дар назари аввал, ин талабот метавонад як қоидаи одии рекламавӣ намояд. Аммо дар асл он ба баланд бардоштани фарҳанги молиявии аҳолӣ равона шудааст. Кредит маблағи ройгон нест, балки уҳдадориест, ки баъд аз муҳлати муайян баргардонида мешавад. Истеъмолкунанда бояд инро дуруст дарк кунад.
Умуман, қонунҳое, ки дар маҷлиси умумии 18‑уми Сенат баррасӣ шуданд, нишон медиҳанд, ки идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба воқеияти нави замонавӣ мутобиқ мешавад.
Аз як тараф, технологияҳои рақамӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, ширкатҳои байналмилалии IT ва содирот қарор доранд. Аз тарафи дигар, маҳсулоти бехатар, истеъмолкунандаи ҳимояшуда, соҳибкори масъул ва муҳити ахбории бехатар.
Аз ин рӯ, қонунҳои нав танҳо ҷавоб ба муаммоҳои имрӯза нестанд. Онҳо барои муҳити иқтисодӣ ва иҷтимоии фардои Ӯзбекистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Ӯктам САИДМУРОДОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят