Ovozi.uz

Аз падар то писар: асрори анҷирпарварии Самарқанд

Дар дунё дарахтони мевадиҳанда бисёр, вале дарахтоне, ки дар як сол ду маротиба ҳосил медиҳанд, ангуштшумор мебошанд. Яке аз онҳо меваи биҳиштӣ — анҷир аст. Анҷир дар як сол ду маротиба ҳосил медиҳад: якум- хокӣ, дуюм — токӣ.
Ҳоло бозорҳои Самарқанд, дастурхони мардум, рӯи мизи маъракаҳо аз анҷири тиллоранги токӣ серобанд. Воқеан, анҷирро дар шакли тар, хушк ва мураббо истеъмол мекунанд, ки хуштаъму серғизост. Дар тиббиёти халқӣ реша, шираи тана, барг ва мевааш дар табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.
Гарчанде ватани анҷир Миср мебошад, аммо дар Самарқанд парвариши анҷир бо номи Соҳибқирон Амир Темур вобаста аст. Бо фармони ӯ дар атрофи Самарқанд 14 боғ бунёд шудааст, ки яке аз онҳо Боғибаланд буда, хосатан ба парвариши дарахти анҷир ихтисосонида шудааст. Ҳоло ин мавзеъ ба минтақаи сайёҳӣ ва истироҳатии мардум табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди Боғимайдон беш аз 40 гектар анҷирзор мавҷуд аст. Маҳз дар ҳамин минтақа хоҷагиҳои фермерӣ бунёд ёфтааст ва яке аз онҳоро боғбони соҳибтаҷриба Шарофиддинбобо Аслиев роҳбарӣ мекунад.


Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз!
Чанде пеш як гурӯҳ эҷодкорон — аҳли қалам, шоирон, нависандагон ва вакилони расонаҳои ахбор бо роҳбаладии доктори илмҳои фалсафа, муҳаррири рӯзномаи ви­лоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ба боғи мазкур ташриф оварданд.
Мо саргарми суҳбат нобаҳангом ба ҳудуди боғи Шарофиддинбобо ворид шудем ва диққати моро бештар ҳавои тоза, бӯи гулҳои муаттар, нағмасароии парандагони хушхон, шилдироси оби шаффофу зулоли ҷӯйҳо, зебоии дарахтони серҳосили анҷир ба худ кашид. Зери дарахтони сояафкан чанд адад мизу курсиҳои нарму бароҳат гузоштаанд, ки меҳмонон нағзакак ҷой гирифта, чанд лаҳза моту маҳбут ба атроф нигаристанд.
Шарофиддинбобои 80‑сола, на танҳо пири кор, балки ҳамгузари соҳибэҳтироми маҳаллаи Боғибаланд ҳастанд. Бо дасти муборак ва табарруки ӯ ин боғи дилкушо дилфиребу обод шудааст.
Дере нагузашта дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину гуворои ҳозирин, ба қавле қаймоқ баст.
Бояд гуфт, ки давраи кӯдакии Шарофиддинбобо дар ҳамин боғ гузаштааст. Ӯ аз хурдсолӣ гирди дарахти анҷир даву тоз карда, меҳру муҳаббат ба табиат, замин ва қадр кардани меҳнати деҳқонро омӯхт. Шояд дар ҳамин боғ ӯ як ҳақиқати оддӣ, аммо хеле муҳими зиндагиро дарк карда бошад: замин ҳеҷ чизро ба осонӣ намедиҳад, барои ҳар як ҳосил аз инсон меҳр, сабр, эътибор ва меҳнат талаб мекунад.
Замоне ин боғро падари ӯ Аслиддин Баҳриев бунёд ва нигоҳубин мекард. Ӯ бо ҳар як дарахти анҷир гӯё суҳбат мекард, онҳоро бо меҳру муҳаббат парвариш менамуд ва сол ба сол ҳосили фаровон мегирифт. Шарофиддинбобо ҳар як ҳаракату тарзи меҳнати падарашро бодиққат мушоҳида карда, аз ӯ асрори боғдориро омӯхтааст. Ҳоло бошад роҳи падарро идома дода, анъанаи оилавиро нигоҳ медорад.
Ҳамдеҳаи ӯ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Талъат Абдуллоеви қариб 90-сола китоби аҷоибу хонданибоби «Анҷири Самарқанд»-ро навиштаанд, ки дар бораи пайдо шудани анҷир ва маҳаллаҳои гирду атроф маълумоти зиёд медиҳад.


Меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ
Шарофиддинбобо ҳар сол аз боғи худ 2,5 тонна анҷир ҷамъ мекунад. Гӯё табиат ба боғбони меҳнаткашу меҳнатдӯсташ саховат мекарда бошад. Аммо паси ҳар сабади анҷир меҳнати пурмашаққат ва сабру тоқат меистад. Алалхусус, дар фасли зимистон кори анҷирпарварон боз ҳам душвор мешавад. Дарахти анҷир гармидӯст аст. Аз ин рӯ, барои аз сармо нигоҳ доштани он шохаҳои дарахтро ба замин хобонида, бо қамич зер мекунанд ва рӯяшро бо хок мепӯшонанд. Бо ин амалашон онҳо дарахтонро аз ҳавои сард ва шамоли зимистон нигоҳ медоранд. Ин кори заҳматталаб буда, аз кас на танҳо қувваи ҷисмонӣ, балки таҷрибаи зиёд ва сабру эҳтиёткориро талаб мекунад.
Одатан аксар одамон дар синни ҳаштодсолагӣ зиндагии оромро мехоҳанд. Шарофиддинбобо бошад, ҳанӯз ҳам зиндагии худро бе боғ ва нигоҳубини дарахтон тасаввур намекунад.
— Ҳар рӯзи навро бо сайри боғ оғоз карда, бо нигоҳубини дарахтон машғул мешавам, — гуфт Шарофиддинбобо. — Писару келин ва духтарам ба ман ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳар кадоме вазифа ва кори худро доранд. Мо якҷоя суҳбаткунон меҳнат мекунем, аз хабарҳои нав огоҳ мешавем. Аз ҳама муҳим — он чизеро, ки аз калонсолон омӯхтем, ба авлоди нав меомӯзонем.
Бобои боғбон ҳангоми суҳбат ёди Тошпӯлод Қудратовро (рӯҳашон шод бод!) ба забон овард. Ба гуфтаи ӯ, Тошпӯлод Қудратов дар бунёд ва нигоҳдории анҷирзор хидмати шоиста кардааст.
— Дар хотир дорам, вақте Тошпӯлодака сардори бригадаи анҷирпарварон буд, бо сарварии собиқ котиби якуми ҳизби ноҳияи Самарқанд Раҳматуллоҳ Абдуллоев ва роҳбари Ӯзбекистон Шароф Рашидов ба боғи мо омада буданд, — илова кард Шарофиддинбобо.


Боғе, ки меҳмон дорад
Ҳоло мавсими анҷир аст. Бинобар ин, ба боғ сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ низ ташриф меоранд. Онҳоро на танҳо таъми меваи биҳиштӣ, балки обу ҳаво ва муҳити ин мавзеъ низ ба худ ҷалб месозад.
Зери сояи дарахтони сабз нишаста, меваи ҳамон дарахтро чашидан лаззати дигар дорад. Чунин лаззатро аз мағозаву бозор харидан мумкин нест.
Шояд зиндагии ин марди нек ба назар одӣ намояд, аммо паси ҳамин зиндагии одӣ сарнавишти бузурги инсонӣ ва қиссаи чандин насл ниҳон аст. Ин қиссаи писарест, ки кори падарро идома медиҳад.