Пресс-тур
Рӯзи 14‑уми марти соли равон Садорати ривоҷи ветеринария ва чорводории вилоят бо мақсади шинос кардани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ бо корҳое, ки барои ривоҷдиҳии чорводорӣ ва паррандапарварӣ амалӣ шудаанд ва нақшаҳои оянда пресс-тур ташкил кард.
Иштирокчиёни он аввал бо фаъолияти хоҷагии фермерии паррандапарварии «Navobod Naslli Parranda»-и ноҳияи Самарқанд шинос гардиданд. Роҳбари хоҷагӣ Ҳайдар Ӯроқов гуфт, ки имрӯзҳо дар хоҷагӣ ҷамъ 550 ҳазор сар парранда мавҷуд буда, 417 ҳазор сари онҳо барои гӯшт, 133 ҳазор сар барои тухми наслдор парвариш карда мешавад. То ҳол хоҷагӣ 2500 тонна гӯшти парранда истеҳсол карда, 34 миллиону 280 дона тухм гирифтааст. Хоҷагӣ ба Афғонистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб тухм содирот мекунад. Имрӯзҳо бо парвариши паррандаҳо 1280 нафар коргар машғуланд.
Дар соли 2024 хоҷагӣ ба таври иловагӣ парвариши 100 ҳазор сар (ба миқдори 15 миллиард сӯм) паррандаро ба нақша гирифта, инчунин, кластери «Агропарранда» ташкил карданӣ аст. Дар натиҷа, талаби аҳолӣ ба тухм 166,6 дарсад, ба гӯшти парранда ба 199,3 дарсад таъмин мешавад. Инчунин, содироти 39,0 миллион долларина парранда ва маҳсулоти парранда амалӣ мегардад.
Сипас, пресс-тур дар хоҷагии фермерии ба чорводории «PUREMILKY PRODUCTS»-и ноҳияи Ҷомбой идома ёфт. Роҳбари хоҷагӣ Ҷаҳонгир Усмонов дар бораи фаъолияти ферма маълумот дод. Хоҷагии мазкур 3400 сар чорвои калони шохдор 1700 сар гови ҷӯшоӣ, 15 сар наввас ва 1685 сар гӯсола дорад. Барои парвариши онҳо 654 гектар замин ҷудо карда, дар 654 гектар беда, 261,6 гектар маккадона мерасонанд. Аз ҳар сар гови зоти «Голштейн» дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 31 литр шир мегиранд. Дар хоҷагӣ 255 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд. Ба ғайр аз ин, коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар соли равон хоҷагӣ аз Нидерландия овардани 300 сар чорвои наслдорро (ба арзиши 23 миллиард сӯм) ба нақша даровардааст.
Ҷамшеди АСРОР
