Дар қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, ки рӯзи 15‑уми феврали соли равон дар боғи Ватанпарвари шаҳри Самарқанд баргузор шуд, масъалаҳои хонаву ҷой, кӯмаки моддӣ, таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳо, ободонӣ, муаммоҳо оид ба хариди қитъаҳои замин ва низоъҳои оилавӣ, сохтмонҳои ғайриқонунӣ, шартнома, пардохти алимент ва ғайра баррасӣ гардид.
Муроҷиатҳоро дар баробари ҳокими вилоят ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони секторҳо ва корхонаву ташкилотҳо низ шуниданд.
Дар рафти қабули сайёр сокини маҳаллаи «Ҳунармандлар»-и шаҳри Самарқанд барои таъмири кӯдакистони рақами 82 ва сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар он кӯмак пурсид.
— Ҳоло дар боғча марҳилаи аввалини корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст, — гуфт вай дар оғоз. — Аммо дар раванди кор баъзе камбудиҳо ба чашм мерасанд…
Дар идома ин шаҳрванд ба ҳокими вилоят дархости мардуми маҳаллиро аз рӯйи дубора баргардондани номи пештараи маҳаллааш — «Ҳазора» муроҷиат кард.
Ҳокими вилоят барои омӯхтани ҳолати объектҳои соҳаи иҷтимоӣ масъулони Сарсадорати молияи вилоятро вазифадор намуд.
— Масъулон раванди корро дар кӯдакистон меомӯзанд, — гуфт Э. Турдимов. — Ба масъалаи дуюм биёем, барои иваз кардани номи маҳалла шумо ба депутате, ки аз ҳудудатон интихоб гардидааст, муроҷиат мекунед. Масъала ба тартиби кори сессияи Шӯрои намояндагони халқи шаҳр ворид карда шуда, дар он баррасӣ мегардад. Комиссияи номгузории топонимикӣ муамморо меомӯзад.
Як нафар тадбиркор, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият дорад, аз ҳокими вилоят барои ворид кардани нақлиёт аз давлати хориҷа кӯмаки амалӣ пурсид:
— Ман барои хидматрасонӣ ба сайёҳон 6 дона Sprinter-ро ба кредит харидам. Як моҳ аст, ки онҳоро ворид карда наметавонам…
Барои ҳалли мушкили тадбиркор мутасаддиёни Садорати минтақавии Палатаи савдо ва саноат ва Садорати гумруки вилоят вобаста карда шуданд.
Инчунин, дар қабули сайёр як қатор муроҷиатҳои беасоси шаҳрвандон рад карда шуданд.
Э. Турдимов ба тамоми роҳбарони масъули вилоят супориш дод, ки муроҷиатҳоро саривақтӣ омӯхта, дар ҳалли онҳо ёрӣ расонанд, то барои дубора баргаштан ба масъала зарурате намонад.
Хидмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.
