Аз ҷониби вазорати адлия ба муносибати 583-солагии таваллуди Алишер Навоӣ боз як иқдоми тарбиявӣ — лоиҳаи ташкил кардани китобхонахои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, ки дар сектори 4-уми ҷумҳурӣ воқеъ аст, оғоз гардид. Дар доираи лоиҳа аз ҷониби кормандони мақомоти адлияи вилоят зиёда аз 500 номгӯй асар, аз ҷумла, китобҳои Президент, шоҳасарҳои адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон, адабиёти ҳуқуқӣ ва бачагона туҳфа карда шуд. Ин маҷмӯаҳои китобҳо дар китобхонаҳои хурде, ки дар биноҳои ҷамоатии воқеъ дар сектори 4-уми 16 шаҳру ноҳияи вилоят таъсис ёфтаанд, ҷой гирифтанд.
Мақсад аз роҳандозии лоиҳаи мазкур тарғиби китобхонӣ дар байни ҷавонон, афзунсозии шавқи хониш ва салоҳияти интеллектуалии онҳо мебошад. Дар ин китобхонаҳо барои пурсамар гузарондани вақти холии сокинон, махсусан ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Кормандони соҳаи адлияи Самарқанд челенҷи #ziyo_ulash (зиё бубахш)-ро ташкил намуданд ва аҳли вилоятро барои иштирок дар ин аксия даъват мекунанд.
Бо сарварии Садорати адлия дар вохӯрӣ бо шаҳрвандони маҳаллаи «Найман»-и ноҳияи Тайлоқ китобхона ба ихтиёри аҳолӣ супорида шуд.
Дар китобхона китобу маҷаллаҳои гуногун мавҷуданд, ки осори намояндагони адабиёти ҷаҳон ва ӯзбек – Тоҳир Малик, Худойбердӣ Тӯхтабоев, Абдулло Қаҳҳор, Абдулло Қодирӣ, Хосият Бобомуродова, Ӯлмас Умарбеков, Наполеон Ҳилл, Артур Ҳейли, Теодор Драйзер ва дигарон аз ин ҷумлаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар ин маҳалла 3 720 нафар зиндагӣ мекунанд ва 1 100 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Акнун сокинон ва ҷавонони маҳалла метавонанд аз ин китобхонаи хурд истифода баранд.
Хидмати матбуоти Садорати адлияи вилоят.
