Ovozi.uz

Ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи варзиш чӣ хел пешгирӣ карда мешаванд?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ходимони Садорати варзиши вилоят дар мавзӯи «Ташаккули муҳити оштинопазир бо ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни ҷамоат» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо роҳбари садорат Ш. Рӯзиев оиди мавзӯъ ва фаъолияти соҳаи спорт маълумоти мухтасар дод.
— Дар вилояти Самарқанд 65_то муассисаҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки 24-тоашон олимпӣ, 4-то миллӣ, 1-то намуди варзиши зимистона, 32-то федератсияи ғайриолимпӣ, 1-то шӯъбаи вилоятии Кумитаи параолимпии миллии Ӯзбекистон, 2-то ҷамъияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва 1_то шӯрои варзиш мавҷуд аст, — гуфт ӯ. — Барои хабардор кардани ҳолатҳои қонуншиканӣ, зиддияти манфиатҳо, ҳолатҳои коррупсионӣ ва алоқаи кушоди соҳа шабакаҳо ҷорӣ карда шудаанд. Варзиш роҳандозӣ шудааст. Дар садорат веб-сайту телефонҳои боварӣ «Сохтори зиддикорупсионии ҷамоатӣ» фаъолият дорад. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои корупсионии сохтори варзиш, истифодаи самараноки маблағҳои буҷаи давлатӣ, барҳам намудани оворагариҳо сохтори идораи электронии ягонаи «ERP-Sport»-ро ба кор дароварда, барои шахсони ҷисмонӣ беҳбудиҳо фароҳам овардаанд. Дар соҳаи варзиш сертификат, диплом ва тартиби додани гувоҳномаҳо ва ҳолатҳои дигар барҳам дода шуда, сохтори ахбори реестри электронии ягона «Сертификаткунонӣ» фаъолият мебарад. Бояд гуфт, ки 6 нафар варзишгар дар бозиҳои тобистонаи 23-юми шаҳри Париж (Франсия) ва бозиҳои 17-уми Олимпӣ ва параолимпӣ, ки соли 2024 баргузор мегардад, литсинзияро ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар бозиҳои Олимпӣ Таҳмина Икромова (гимнастикаи бадеӣ), Ислом Баҳромов (гӯштии юнону рум), Нигина Ӯктамова (бокс), дар бозиҳои параалимпӣ: Ҳусниддин Норбеков (пара атлетикаи сабук), Кубаро Ҳакимова (пара атлетикаи сабук), Урганчбек Эрназаров (пара атлетикаи сабук). Ҳоло нақша ҳаст, ки барои олимпиадаи 23-юми тобистонаи Олимпӣ 12 нафар ва дар бозиҳои 17-уми параалимпия 4 нафар варзишгарон роҳхат гиранд. Дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» дар намудҳои варзиши (волейбол, гӯштӣ, гимнастика, футбол, мини-футбол, армремслинг, тенниси рӯйимизӣ, атлетикаи сабук, воркоут, стритбол, шоҳмот, шашка) иштироки 1 126 ҷавони маҳалла дар назар дошта шудааст. Дар айни ҳол 621 461 нафар хоҳишманди иштирок дар ин мусобиқа ба воситаи платформаи электронӣ аз рӯйхат гузаштаанд. Дар ин рӯзҳо дар мусобиқаи варзишии «Олимпиадаи панҷ ташаббус» зинаҳои сектор ва маҳаллаҳо гузаронида мешаванд. Инчунин, дар маҳаллаҳо дар байни ҷавонони ногироидошта ба мусобиқаи варзишии «Олимпиадаи панҷ ташаббус» старт дода шудааст. Дар асоси иловаи 1-и банди 88,2-и Фармони Президент таҳти рақами 158 дар байни ҷавонони аз 7_то 17-сола дар 1 264 мактаби таълими умумӣ, 781 091 нафар хонанда дар моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ ба имтиҳонҳои санҷишии спортӣ ба воситаи платформаи my.spor.uz қабул карда шуданд.
Дар охири анҷумани матбуотӣ, саволу ҷавоб, таклиф ва фикру мулоҳизаҳои муаллиф ба рушди соҳаи спорт дахлдори иштирокдорон шунида шуд.