Ovozi.uz

Дар вилояти Сурхондарё хонандагони мактаб-интернат аз хӯрок заҳролуд шудаанд

Тибқи хабари Омбудсмани бачаҳо дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи ноҳияи Сариосиё хоанандагон аз хӯрок заҳролуд шудаанд. Маълум мегардад, ки дар натиҷаи маҳсулоти бесифати озуқаворӣ, аз тарафи корхонаи хусусии хизмати аутсорс дар мактаб-интернати мазкур, 33 нафар хонанда бо ташхиси «гастрити тез» ба иттиҳодияи тиббии ноҳия оварда шудааст. Ҳодиса аз тарафи гурӯҳи тафтишотӣ омӯхта шуда, дар он ҷавобгӯ набудани баъзе маҳсулотҳои ошхона, меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ, риоя накардани истифодаи ҷиҳозҳои ошхона ва ба бемории сироятӣ оварда расонидани бачаҳо муайян гардидааст. Нисбати ҳолати мазкур 26 январи соли ҷорӣ, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Сариосиё мувофиқи кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо моддаи 186 қисми 4 банди «6» парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ҳоло тафтишот давом дорад.