Ovozi.uz

Зинаи аввали санҷишҳои тестӣ гузашт

Дар Самарқанд барои соли таҳсили 2025–2026 наздик ба 25 ҳазор донишомӯзон ҳуҷҷат супурданд. Қариб 5 ҳазор нафари онҳо мехоҳанд дар мактаби Президентӣ таълим гиранд. Барои ташкили санҷишҳои тест дар имтиҳонҳои дохилшавӣ барои мактабҳои Агентии муассисаҳои ихтисосонидаи таълимӣ панҷ бино тайёр карда шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба мактабҳои системаи Агентии муассисаҳои ихтисосонидаи таълимӣ барои соли таҳсили нав аз 1‑ум то 20‑уми июни соли равон дар формати онлайн ба воситаи платформаи my.gov.uz ва ariza.piima.uz амалӣ гардид.

Дар ҷараёни ҳуҷҷатҳоро супурдани волидайн ё ки вакили қонунии донишомӯз ба мактабҳои системаи Агентии мазкур имконият фароҳам оварда шуд, ки ба таври илова яке аз мактабҳои ихтисосонидаи минтақаи худро интихоб кунад. Бо қарори дахлдори Девони Вазирон имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосонидаи маҷмӯи Агентии мазкур дар 61 биноҳои пӯшидаи шароитҳояшон хуб гузаронда мешаванд.

Бо мақсади барои донишомӯзон ва волидайни онҳо фароҳам овардани шароити мусоид дар ин рӯзҳои гарм дар биноҳое, ки имтиҳонҳо баргузор мешаванд, кондитсионерҳо барои падару модарон, ҷойҳои соя ва хӯрокхӯрӣ пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз ин, падару модарон метавонанд бачаҳои худро ба тарзи онлайн ба воситаи сайти test2025.uz мушоҳида кунанд.

Ҳар як донишомӯзро бо қалам, ручка, хаткӯркунак ва оби ошомиданӣ таъмин карда, барои гузарондани имтиҳон шароитҳои хеле хуб фароҳам овардаанд. Ғайр аз ин, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ кормандони Гвардияи миллӣ, идораҳои корҳои дохилӣ ва тансиҳатӣ ҷалб карда шудаанд, ки дар масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамоатӣ ва саломатии иштирокчиён ёрии беғаразона мерасонанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 6‑уми июли соли равон зинаи аввалини имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои президентӣ баргузор шуд. Дар бораи зинаи дуюми имтиҳонҳо ба тарзи иловагӣ хабар дода мешавад. Имтиҳонҳои қабул ба системаи мактабҳои Агентии мазкур то 12‑уми июл идома меёбад. Ҳоло дар системаи Агентии муассисаҳои ихтисосонидаи таълимӣ 14 мактаби президентӣ, 9 мактаби эҷодӣ, 2 мактаби варзишӣ ва 185 мактабҳои ихтисосонида фаъолият доранд. Имсол дар минтақаи мо боз 17 мактаби нави ихтисосонида дарҳои худро кушоданд.

Ҷ.ИСМОИЛОВ,
сармутахассиси шуъбаи кор бо мактабҳои Президентии Агентии муассисаҳои ихтисосонидаи таълимӣ