8-уми январ — Рӯзи кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Прокуратура дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ нақши муносиб дорад. Осон кардани бори мардуми мо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини иҷрои барномаҳои мубориза бо камбизоатӣ, оштинопазирӣ нисбат ба қонуншиканӣ аз вазифаҳои асосии ходимони прокуратура мебошад. Дар баробари ин, мақомоти прокуратура ҳамчун масъули сектори 2-юм дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар беҳбуди инфрасохтори вилоят ва фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагии мардум саҳми худро мегузорад.
Дидан мумкин аст, ки дар ин бобат мақомоти прокуратураи вилояти Самарқанд низ корҳои шоёнеро ба ҷо меоваранд.
Масалан, соли гузашта бо ташаббуси прокуратураи вилоят барои мактабҳои 45 ва 51, ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Қӯшработ воқеъ ҳастанд, биноҳои иловагии таълимӣ сохта, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. То кунун ба далели набудани ҷойи нишасти хонандагон дар ин мактабҳо ва вуҷуд надоштани мактаби дигаре дар наздикии онҳо, дарсҳо дар ду баст, ҳатто дар долон ва толори варзишӣ баргузор мешуданд.
Мувофиқи маълумот, бо маблағи 2 миллиарду 400 миллион сӯми прокуратураи вилоят барои мактаби таълими умумии рақами 51-и маҳаллаи Оқчобсой бинои иловагии дорои 220 ҷой сохта шудааст. Инчунин, бинои муассиса, ки соли 2007 сохта шуда буд, пурра аз таъмир бароварда шуда, майдончаи мини-футбол ва барои ба мактаб бехатар омадани донишомӯзон ба рӯи сой кӯпрук сохта шуд.
Дар мактаби таълими умумии рақами 45-и Юқори Ҷӯш ба маблағи 2,1 миллиард сӯм бинои иловагии дорои 180 ҷой бунёд гардид. Дар ин ҷо низ пули 17-метра ва майдончаи мини-футбол сохта шуд.
Дар арафаи ҷашни Соли нав дар маҳаллаи Ӯзбекқӯрғони ноҳияи Иштихон бо ҳисоби депозити прокуратураи вилоят ва дастгирии сарпарастон бо маблағи умумии 7 миллиард сӯм кӯдакистони дорои 200 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Ғайр аз ин, мақомоти прокуратура корҳоеро, ки соли гузашта оид ба татбиқи меъёрҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар маҳаллаи Шовонаи ноҳияи Қӯшработ амалӣ шуданд, пеш бурданд.
Дар маҳаллае, ки аз панҷ деҳа иборат аст, 1250 оила ва 5298 нафар истиқомат мекунанд. Аз 2913 нафар аҳолии қобили меҳнат 102 нафарашон бекор буданд. Дар раванди беҳбуди инфрасохтори вилоят ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, 26 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба 40 нафар касб омӯзонида ва ба 30 нафар барои ташкили соҳибкории худ ёрии амалӣ расонида шуд. Ба 118 нафар шаҳрвандони дар дафтарҳои иҷтимоӣ қайдшуда 98 миллион сӯм, ба 131 нафар шаҳрвандон барои гирифтани кредити бонкӣ ба маблағи 2,3 миллиард сӯм ёрӣ расонда шуд. Ғайр аз ин, ба 15 нафар барои асбобу анҷом ба маблағи 150 миллион сӯм субсидия ҷудо карда шуд. Дар маҳалла сехи дӯзандагӣ ташкил карда, 20 нафар занон бо кор таъмин гардиданд. Чор мактаб ва поликлиникаи оилавӣ таъмир карда шуд.
Дар соли 2024 як гурӯҳи корӣ иборат аз ходимони мақомоти прокуратураи вилоятҳо, идораи обтаъминкунӣ ва коршиносони дигар соҳаҳо иншооти обии минтақаро тафтиш намуданд. Дар ин раванд муайян карда шуд, ки 623 иншооти обтаъминкунӣ бинобар эҳтиёҷоти таъмир фаъолият накардааст. Аз ин шумора 454 иншооти обӣ барқарор карда шуда, 414 ҳазор нафар сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Аз ҷумла, маълум гардид, ки сокинони панҷ маҳаллаи маркази ноҳияи Пайариқ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин нестанд, шабакаҳои мавҷуда, иншооти обӣ ва ҳавзи обанбор дар ҳолати корношоям қарор доранд. Барои ҳалли мушкилот дар маҳаллаи Мустақиллик 3700 метр, дар маҳаллаи Алишер Навоӣ 3500 метр ва дар маҳаллаи Фаровон 1500 метр шабака кашида шуд. Ғайр аз ин, 1600 метр шабакаи мавҷуда таъмир ва ба шабакаи нави об пайваст карда шуд. Дар натиҷаи ин корҳо, 217 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ин тарҳ беш аз 28 ҳазор нафар бо оби мутамаркази ошомиданӣ таъмин гарданд.
Чунин корҳоро дар ҳар ноҳияву шаҳр аз ҷониби секторҳои 2-юм ба ҷо оварда мешаванд. Кормандони мақомоти прокуратура мунтазам қабулҳои сайёр гузаронида, муроҷиатҳои сокинонро мешунаванд. Расонидани кумаки моддию тиббӣ ва иҷтимоӣ ба оилаҳои камтаъмин ва ба кумаки иҷтимоӣ ниёздошта ба роҳ монда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мақомоти прокуратура имрӯзҳо ҷиҳати дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолона фаъолият доранд.
Аз ҷумла, чанде пеш дар ҷамъомаде, ки дар мавзӯи ҷалби сармоя, рушди саноат ва танзими савдо дар вилояти Самарқанд баргузор гардид, масъалаи 38 субъекти соҳибкории муаммодори вилоятро ҷонишини якуми Сарпрокурор Б.Валиев баррасӣ намуд ва масъалаҳо бо иштироки роҳбарони вазорат ва идораҳои масъул мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мушкилоти 9 нафар соҳибкорон дар худи ҳамон ҷо ҳалли худро ёфта, барномаи чорабиниҳо таҳия ва амалӣ гардид, ки дар он мӯҳлат ва масъулияти ҳалли муаммоҳои боқимонда муайян карда шудааст.
Ғ.ҲАСАНОВ
