Баъзе ҳавзаҳои обӣ дар тӯли чанд даҳсола қисми зиёди захираҳои обии худро аз даст додаанд ва бархе минтақаҳо аллакай бо биёбоншавӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Тасвирҳои моҳвораӣ тағйироти нигаронкунандаро дар сайёраи мо ҳарчи бештар сабт мекунанд. Бар асари хушксолӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои обӣ ва афзоиши талаботи аҳолӣ, кӯлҳо, дарёҳо ва ботлоқзорҳо дар саросари ҷаҳон босуръат камоб ё комилан аз байн рафта истодаанд.
Дарёи Паранаи Аргентин
аЯке аз бузургтарин дарёҳои Америкаи Ҷанубӣ бо муаммои ҷиддии камобӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар наздикии шаҳри Росарио моҳвораҳо коҳиши назарраси сатҳи обро сабт кардаанд. Хушксолӣ қисматҳои зиёди қаъри дарёро ошкор намуда, ҳатто боиси пайдо шудани ҷазираҳои нав дар миёнаи маҷрои он гардидааст.
Кӯли Поопо дар Боливия
Ин кӯл, ки замоне дувумин кӯли бузурги Боливия ба ҳисоб мерафт, имрӯз қариб пурра аз байн рафтааст. Дар натиҷаи хушксолӣ, гармшавии иқлим ва тағйири масири об, кӯл ба заминҳои шӯразор табдил ёфтааст. Бо нобуд шудани кӯл, манбаъҳои анъанавии даромади аҳолии маҳаллӣ низ аз байн рафтаанд.
Кӯли Нгами дар Ботсвана
Ин кӯл, ки аз обҳои делтаи Окаванго вобаста аст, зери хатари нобудшавӣ қарор дорад. Селҳои номунтазам ва хушксолиҳои тӯлонӣ боис шудаанд, ки кӯл зуд-зуд хушк шавад.
Лагуна-де-Акулео дар Чили
То чанд соли пеш ин макон яке аз машҳуртарин минтақаҳои истироҳатӣ дар наздикии пойтахти кишвар буд. Аммо имрӯз ин лагуна қариб пурра нобуд шудааст. Сабаби асосӣ камшавии боришот ва коҳиши захираҳои обӣ мебошад.
Кӯли Урмия дар Эрон
Яке аз бузургтарин кӯлҳои шӯри Ховари Миёна беш аз 90 фоизи масоҳати худро аз даст додааст. Коршиносон ин фоҷиаро ба хушксолӣ, истифодаи зиёди об дар кишоварзӣ ва сохтмони инфрасохторе нисбат медиҳанд, ки ҷараёни табиии дарёҳоро тағйир додааст.
Ботлоқзорҳои Ал-Чибайш дар Ироқ
Ин ботлоқзорҳои нодир, ки ба Рӯихати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дароварда шудаанд, низ босуръат коҳиш меёбанд. Сабаби асосӣ тағйир ёфтани низоми обии дарёҳои Даҷла ва Фурот мебошад.
Амбовомбе дар Мадагаскар
Қисмати ҷанубии ҷазира яке аз вазнинтарин буҳронҳои экологиро аз сар мегузаронад. Хушксолиҳои тӯлонӣ, ҳарорати баланд ва тӯфонҳои чангу ғубор манбаъҳои об ва заминҳои кишоварзиро хароб карда, сокинонро маҷбур месозанд, ки маҳалли зисти худро тарк намоянд.
Кӯли Фагибине дар Мали
Дар натиҷаи кам шудани обхезиҳои дарёи Нигер ва шиддат гирифтани хушксолӣ, ин кӯл қариб пурра хушк шудааст. Ҷараёни биёбоншавӣ дар минтақа босуръат идома дошта, ба зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Кӯли Мид дар ИМА
Бузургтарин обанбори кишвар, ки дар дарёи Колорадо ҷойгир аст, дар даҳсолаҳои охир қисми зиёди захираҳои обии худро аз даст додааст. Азбаски ин кӯл миллионҳо нафарро бо об таъмин мекунад, камобшавии он боиси нигаронии ҷиддии экологҳо ва мақомоти давлатӣ гардидааст.
Олимон таъкид мекунанд, ки ин тағйирот танҳо муаммои экологӣ нест. Нобудшавии ҳавзаҳои обӣ ба иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ ва сифати зиндагии миллионҳо нафар таъсир мерасонад.
Мутахассисон мегӯянд, ки дар баъзе ҳолатҳо, агар захираҳои обӣ оқилона идора шаванд ва шароити мусоиди иқлимӣ фароҳам бошад, имкони барқароршавӣ вуҷуд дорад. Аммо дар баъзе минтақаҳо тағйирот чунон бузург аст, ки ба ҳолати пешина баргардонидани онҳо ниҳоят душвор хоҳад буд.
