Ovozi.uz

Мактаб ва кӯдакистони нав дар маҳаллаҳои дурдаст

Пресс-тур

Рӯзи 7‑уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Булунғур бо мақсади шинос кардани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ бо объектҳои нави соҳаи иҷтимоии ноҳия, ки соли 2023 мавриди истифода қарор гирифтаанд, пресс-тур ташкил карда шуд.
Иштирокдорон нахуст бо фаъолияти Мактаби варзишии наврасон ва бачагонаи ноҳия шинос шуданд.
— Толори варзишии нави мактаб соли гузашта бунёд гардида, дар ин ҷо барои варзишдӯстон шароитҳои зарурӣ фароҳам аст, — гуфт директори мактаб Шароф Маматқулов. — Дар мактаб қариб 1250 нафар ҷавонон аз рӯйи 17 намуди варзиш шуғл меварзанд. Машғулотҳо бепул аст. Дар мактаб майдони футбол, баскетбол, гандбол, ҳавзаи об, майдони Варкаут ва ғайра мавҷуд.
Зикр гашт, ки дар даҳсолаҳои охир даҳҳо шогирдони мактаб дар мусобиқаҳои олимпӣ, байналмилалӣ, осиёӣ, ҷумҳурӣ ғолиб гардида, барои баланд бардоштани нуфузи мактаб ҳисса ҳамроҳ кардаанд.
Сипас, иштирокдорони пресс-тур бо фаъолияти мактаби таълими умумии рақами 72‑и ноҳия, воқеъ дар маҳаллаи Чорбоғ шинос шуданд. Бино ба маълумоти директор Бектош Қурбонов, боргоҳи таълимӣ аз ҷониби сарпараст, сокини маҳалла Ҳоҷӣ Асламбобо бунёд гардида, 11‑уми январ ба истифода супурда шудааст. Ҳоло дар мактаб 33 нафар омӯзгор ба 331 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд.
— Пештар фарзандонамон 5 километр масофаро пиёда тай карда, ба мактаби таълими умумии рақами 13 мерафтанд, — гуфт раиси маҳаллаи Чорбоғ Абдусалом Ҳасанов. — Равуои донишомӯзон мушкил буд. Аҳолӣ дер боз орзу доштанд, ки дар ҳудуди маҳалла мактаб бунёд гардад. Аз кушодашавии мактаб барои 240 нафар хурсандии пиру ҷавони маҳалла ҳадду канор надорад.
Дар идома кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо фаъолияти ташкилоти таълими томактабии рақами 30‑и ноҳия шинос шуданд.
— Кӯдакистони мо бар асоси барномаи давлатӣ соли 2023 бунёд ва ба истифода супурда шуд, — гуфт директори ташкилоти таълими томактабӣ Шоҳида Сатторова. — Боғча барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. То ҳол дар ин маҳаллаи дурдасти ноҳия боғчаи давлатӣ фаъолият надошт. Танҳо 4 боғчаи хусусӣ амал мекарданд. Аз кушодашавии кӯдакистон бо шароитҳои замонавӣ аҳолии маҳалла хурсанданд.
Сипас, журналистон аз Хона-музейи Фозил Йӯлдош дидан карданд. Инчунин, бо фаъолияти маҳфилҳои Маркази фарҳангии рақами 12‑и «Соҳибкор»- и ноҳия шинос шуданд. Зикр гашт, ки дар маҳфилҳо зиёда аз 160 нафар писару духтарон иштирок мекунанд. Дар анҷом ҳунарпешагони Ансамбли халқиву фолклорӣ ва этнографии «Чавқи», ансамбли бачагонаи «Чавқи издошлари» бо иҷрои рақсу сурудҳо табъи меҳмононро болида карданд.

Ҷамшеди АСРОР