Ovozi.uz

555 ҳикмату маслиҳат барои муваффақият

Гоҳо одам дар зиндагӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда, руҳафтода, парешонхотир ва дилмонда мешавад ва ба умед, ангеза, таконе ниёз пайдо мекунад, ки ба воситаи он аз нав қувват пайдо карда, роҳро идома диҳад. Дар ин гуна ҳолатҳо гоҳо рафиқони мушфиқ ба ёрии мо меоянд, ё мо худ бо тамошои наворе, филме, аксе ва ё ки бо хондани китобе ба худ ангеза гирифта, дубора ба по мехезем.

Китоби навинтишори «555 қадам ба сӯи муваффақият» аз зумраи чунин китобҳост, ки ҳангоми руҳафтодагиву ноумедӣ ба мо ангеза бахшида, ба сӯи муваффақияту хушбахтӣ раҳнамоӣ мекунад.
Вақте китобро ба даст гирифтам, аввалин чизе, ки диққати маро ба худ ҷалб кард, тарҳи муқоваи он буд. Пай бурдан мушкил нест, ки касе ё касоне болои тарҳи муқова заҳмат кашидаанд. Ростӣ, бисёр китобҳои тоҷикӣ бо муқоваи оддӣ, нозеб, услуби куҳна ва унсурҳои такрорӣ чоп мешаванд, ки ин аз нигоҳи шахсии ман мушкиле менамояд. Дар ҳоле, ки дунё сония ба сония тағйир меёбад, мо ҳанӯз диду назари кӯҳна дорем. Аз ин рӯ, нисбатан бо муқоваи замонавитар интишор гардидани ин китоб маро хурсанд кард.
Дуюмин муаммои китобҳои тоҷикӣ, аз назари ин ҷониб гузоштани номҳои номувофиқу бемантиқ мебошад, ки хушбахтона ин китоб аз ин гуна иллатҳо орӣ буда, аз сарсухан ҳам ошкор аст, ки мураттиб барои гузоштани номи мувофиқ ҷустуҷӯҳои зиёд бурдаву ба он номи зебандаву рамзӣ гузоштааст. Бахтиёри Ҷумъа дар сарсухан интихоби рақами 555‑ро чунин шарҳ медиҳад: «Худи рақами 5 рамзи дигаргуниҳост. Такроршавии се 5 (555) аз он шаҳодат медиҳад, ки вақти қабул кардани қароре, агар пештар ҷуръат накарда бошед, инак фаро расидааст». Дар ҷои дигар: «Дар рӯҳонияти олӣ маънои 555 мутаносибӣ ва ҳамбастагии рӯҳ, ҷисм ва хирадро мефаҳмонад».
Китоб дар қатори ҳикматҳои беҳтарини мутафаккирони бузург, амсоли Конфутсий, Афлотун, Арасту, Демокрит, Софокл ва ғайраҳо, суханони ибратомӯзи шахсони шинохтаи таърихи наздик ва имрӯза — Эрнест Ҳеменгуэй, Чарли Чаплин, Алберт Эйнштейн, Стив Ҷобс ва Илон Маскро низ фаро гирифтааст. Ғайр аз ин, дар китоб аз «Авасто»-ву «Инҷил», намунаҳои зарбулмасалу мақолҳои чинӣ, ҷопонӣ ва ҳиндиро низ дидан мумкин аст. Онҳоро нависандаи шинохта Бахтиёри Ҷумъа ҷамъоварӣ ва ба тоҷикӣ баргардондааст.
Қариб ҳамаи ин 555 сухани ҳикматомез ба инсон ангезаву ирода бахшида, дар пайдо намудани роҳи муваффақият ва хушбахтӣ ёрӣ медиҳанд ва ба ӯ суботкориву сабуриро меомӯзанд:
«Нагузоред, ки тарси нокомӣ дар пеши роҳатон истад. Бейби Рут» (саҳ.16);
«Аз пушт бештар онҳое зарба мезананд, ки бо синаи худ онҳоро муҳофизат мекардед. Фредерик Бегбедер» (саҳ.31);
«Агар ман ҳамин қадар пул кор карда бошам, ин барои он аст, ки мақсади ман ҳеҷ гоҳ пул кор кардан набуд. Амансио Ортега» (саҳ.40);
«Инсони хуштолеъ онест, ки аз сангҳои ба сӯйи ӯ парронидашуда пойдевори бинои бахти худро месозад. Ҷэннион Бринкли» (саҳ.63);
«Дар доҳигӣ як фоиз истеъдод ва 99 фоиз меҳнат аст. Томас Эдисон» (саҳ.84);
«Одамони заиф имкониятҳои мусоидро интизор мешаванд, қудратмандон онҳоро эҷод мекунанд. Максим Горкий» (саҳ.110).
Устод Бахтиёри Ҷумъа ҳангоми тарҷума то ҳадди имкон ба содапардозӣ кӯшидааст, ки инро дар даруни қавс оварда шудани номи тоҷикии вожаҳои вомӣ собит мекунанд. Масалан, дар саҳифаи 17 калимаи «лётчик» бо шакли тоҷикии он — «ҳавонавард» тариқи нимтире ва дар саҳифаи 35 вожаи «песа» бо муродифи тоҷикии «намоишнома» якҷоя оварда шудааст. Вале хубтар мешуд, ки тарҷумон калимаҳои «армия» (артиш), «снайпер» (нишонзан), «идея» (ғоя), «гений» (даҳо) ва «Аристотел» (Арасту)-ро ҳам дар шакли тоҷикӣ меовард.
Умедворам, китоби «555 қадам ба сӯи муваффақият», ки ҳикматҳои беҳтарини парокандаи ҷаҳонро дар худ ҷамъ ва таҷассум намудааст, аз дӯстдоштатарин китоби ҳар яки мо мешавад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.