Ovozi.uz

Мардуми Самарқанд дар Регистон гувоҳи консерти таърихӣ шуданд

Дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд бори аввал бо иҷрои зинда консерти санъаткори итолёӣ Андреа Бочелли баргузор гардид.

Барномаи консертие, ки аз ҷониби Бунёди рушди маданият ва санъат бо кумаки Палатаи Савдою саноати Ӯзбекистон, Бонки миллии Ӯзбекистон ва “Ўзсаноатқурилишбанк” ташкил карда шуд, ҳамроҳи мардуми кишварамон меҳмонони хориҷӣ, сайёҳони дар мамлакатамон қарор дошта низ тамошо карданд.

Дар консерт яке аз сарояндагони пешсафи операи ҷаҳон – Аида Гарифуллина, Оркестри миллии синфоникии Ӯзбекистон ва ҷамоаҳои маъруфи хори кишварамон иштирок намуданд.