Вазорати Экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим оиди насӯхтани хазон, алаф ва дигар пасмондаҳои шоху бутта дар саҳро ва мавзеъҳои аҳолинишин огоҳӣ додааст.
Қайд мешавад, ки ин гуна қонуншиканиҳо ба вайроншавии қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан моддаи 20-ум “Дар бораи ҳифзи табиат”, моддаҳои 4 ва 24-ум “Дар бораи муҳофазаи ҳавои атмосфера” оварда мерасонад.
Инчунин, дар асоси қисми 3-юми моддаи 88-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои шаҳрвандон ба миқдори аз 3 то 5 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (аз 1 миллиону 236 ҳазор сӯм то 2 миллиону 60 ҳазор сӯм), ба шахсони мансабдор бошад аз 5 то 10 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (аз 2 миллиону 60 ҳазор сӯм то 4 миллиону 120 ҳазор сӯм) ситонидани ҷарима сабаб мешавад.
Ғайр аз ин, ҳуқуқшикании мазкур дар давоми як сол такроран содир шавад, барои шаҳрвандон ба миқдори аз 5 то 7 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (аз 2 миллиону 60 ҳазор сӯм то 2 миллиону 884 ҳазор сӯм), ба шахсони мансабдор бошад аз 10 то 15 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (аз 4 миллиону 120 ҳазор сӯм то 6 миллиону 180 ҳазор сӯм) ҷарима карда мешавад.
“Дар натиҷаи сӯхтани пасмондаи буттаҳо ба атмосфера моддаҳои зарарнок аз қабили газҳо ва оксиди карбон паҳн мешавад. Ин натанҳо ба экология, балки барои саломатии одамон ҳам хатарнок аст”, –гуфта мешавад, дар хабар.
