Андешаи хонанда
Осори безаволи бузургон саропо панду андарзанд. Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ, Навоиву Бедилу Аҳмади Донишу Айнӣ ба мо ин қадар мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст, ки ҳар лаҳза байте, ҳикмате аз онҳо ба ёд мерасанд ва моро ба ростиву накӯкорӣ ҳидоят менамоянд.
Беҳуда нест, ки Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро чун муаллими ахлоқ ном мебаранд…
Авлоди имрӯза низ зимни иншои ҳикоят ё асаре аз шоҳбайтҳои бузургон ба таври фаровон истифода мебаранд. ..
Охирҳои соли 2022 бо ибтикори маъмурияти рӯзномаи «Овози тоҷик» ба шаҳри Самарқанд сафари эҷодии ҳамкорон созмон дода шуд. Дар ин сафар маро ҳам ҳамроҳ гирифтанд.
Рӯзи дуюми сафар дар Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ аҳли илму фарҳанг ҷамъ омаданд. Эҷодкорони Самарқанд аз китобҳои тозанашри худ ба мо як-як тӯҳфа доданд. Қариб аз ҳамаи китобҳо ба дасти камина ҳам расид, ба ҷуз як китоб. Нависандаи хушсалиқа, ҳаҷвнигори номӣ Бахтиёри Ҷумъа магар пай бурд, ки ба мизбонон рӯй оварда гуфт, то аз ин китоб ба ман ҳам диҳанд.
Муҳаррири барномаи «Чашми дил»-и Ширкати садо ва симои вилояти Самарқанд Собирҷон Бурҳонов дарҳол китобашро ба дастам дод. Он китоби сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Убайдуллоҳ — «Отамнинг сабоқлари» («Сабақҳои падарам») буд. Ба хона омада, вақтҳои холӣ ин китобҳоро варақ задаму ба мутолиаи онҳо машғул шудам. Дар ин радиф китоби «Отамнинг сабоқлари»-ро хондам. Ин китоб соли 2021 аз тариқи нашриёти «Қалам» ба табъ расидааст. Дар он нависанда ҳикояҳои кӯтоҳ ва мӯъҷазро меоварад, ки аз забони падари омӯзгораш, шодравон Убайдуллоҳ Раҳмонов шунидааст ва то ҳол ҳамчун панду ҳикмати зиндагӣ ба кор мебарад.
Ин ҳикояҳо ба туфайли донишу ҳикмат ва фазилатҳои ҳамидаи омӯзгоре, ки аз рӯзгору зиндагӣ андӯхтааст, бо қалами фарзанди пандшунав рӯйи коғаз омадаанд.
Воқеан, дар зиндагӣ барои ҳама қиблагоҳ азизу мукаррам аст. Фарзанди некхоҳу дилогоҳ аз ҳар як сухани ӯ панд мегирад. Бо ёрии он роҳи зиндагии хешро меҷӯяд ва оқибат меёбад.
Баъди мутолиаи китоб пеши назари хонанда симои падаре ҷилва мекунад, ки ҳар як суханаш саршори панду андарз аст. Донишу таҷрибаи пухта дорад. Аз бахти фарзандон меболад. Ғаму ташвишро пинҳон медорад. Нависанда онро тавре ба риштаи тасвир кашидааст, ки дар умқаш фалсафаи зиндагӣ нуҳуфтааст.
Мисли новеллаҳои нависандаи маъруфи тоҷик, шодравон Саттор Турсун, ки саропо фалсафаанд.
Мавзӯъҳои эҳтироми волидайн, гиромидошти онҳо, аҳамияти китоб ва мутолиа, ватандӯстӣ, донишу хирад ва фазилатҳои ҳамидаи одамӣ дар китоб мавқеи асосӣ доранд. Муаллиф дар охири ҳар як ҳикоя байтеро аз бузургон меоварад, ки як навъ хулоса аст. Ҷо-ҷо аз меҳрубониҳои модари мушфиқаш ёд мекунад. Номи бобояш, шоир ва маърифатпарвар Абдулғанӣ Ҷавдати Самарқандиро низ дар чанд ҷой зикр кардааст. Дар муқоваи китоб ҳам чунин гуфтаҳои падарашро сабт намудааст:
«Фарзандам, одами оддӣ ҳастем, каромати ғайритабиӣ надорем, одам будаем, пас танҳо барои чун одам зистан кӯшидему халос».
Анорбой НАЗАРОВ,
вилояти Ҷиззах
