Кумитаи оила ва зан-духтарон ба бонувоне, ки маълумоти олӣ надоранд, вале аз рӯи ихтисоси худ ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ доранд, барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълими олӣ тавсиянома доданро оғоз кард. Аз номзадҳо доштани дипломи таълими миёнаи махсус ё касбӣ, собиқаи кории 5-сола ва надоштани дипломи бакалавр талаб карда мешавад.
Бар асоси ин тавсиянома барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълими олӣ 500 квотаи алоҳида ҷудо мегардад.
Қабули аризаҳо то 1-уми июн идома меёбад.
Тавсиянома ба муҳлати 3 сол дода шуда, танҳо як маротиба барои дохил шудан ба таҳсил эътибор дорад.
Ин имтиёз ба муассисаҳои таълими хориҷӣ, ғайридавлатӣ ва ҳарбӣ татбиқ намегардад.
Ҳамчунин, аризаҳоро метавон тавассути платформаи my.gov.uz ба таври онлайн пешниҳод кард.
