Рӯзи 7‑уми феврал дар Тошканд Форуми II байниминтақавии Ӯзбекистон-Беларус баргузор шуд. Дар он ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок кард.
Дар ҳамоиш Э. Турдимов қайд кард, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт миёни минтақаҳои ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ бо губернатори вилояти Гроднои Ҷумҳурии Беларус Владимир Караник низ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
— Вилояти Самарқанд минтақаест, ки бо фаровонии сарватҳои табиӣ — тилло, волфрам, гранит, мармар ва дигар маъданҳои фоиданок, ҷорӣ намудани технологияи нав, ноил гардидан ба самарадорӣ ва барои гирифтани фоидаи максималӣ молики аҳамияти махсус мебошад, — гуфт Э. Турдимов. — Аз ин рӯ, мехоҳам як қатор самтҳои устувор ва ояндадори ҳамкории иқтисодиро қайд намоям.
Якум, дар Самарқанд барои татбиқи лоиҳаҳои коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди чорводорӣ имкониятҳои хуб мавҷуд аст.
Дувум, вилоят барои рушди саноати дорусозӣ имкониятҳои заруриро дорад.
Сеюм, дар соҳаи технологияҳои ахборӣ, ки имрӯз яке аз соҳаҳои пешрафта ба шумор меравад, ниёз ва ҳамзамон имконоти зарурӣ мавҷуд аст. Масалан, аз ҷавонон иборат будани 60 фоизи аҳолии вилоятро ба назар гирем, соле зиёда аз 15 ҳазор нафар мутахассисони технологияҳои ахбориро омода кардан мумкин аст. Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои фаъолияти корхонаҳои технологияҳои иттилоотӣ дар маркази шаҳри Самарқанд бо миқдори камтарини иҷора бинои дорои шароитҳои зарурӣ ҷудо гардид.
Боварӣ дорам, «Харитаи роҳ»-е, ки имрӯз оид ба рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳоямон имзо шуд, ба густариш ва мустаҳкамшавии ҳамкориҳои байниҳамдигарии вилоятҳои Самарқанд ва Гродно хидмат мекунад.
Самарқанд — Белорус: ҳамкориҳо густариш меёбанд
