Дар маҷлиси падару модарон, ки дар мактаби таълими умумии рақами 102‑и ноҳияи Пайариқ доир гардид, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, роҳбарони як қатор садорату ташкилотҳо, фаъолони маҳаллаҳо ва наздик ба 200 нафар волидон иштирок карданд. Дар чорабинӣ роҷеъ ба таълиму тарбияи донишомӯзон фикру мулоҳизаҳо баён гардиданд.
Нахуст, ба падару модарон оид ба ҷамъомади видеоселекторӣ, ки бо сарварии Президенти кишвар дар санаи 5‑уми феврали соли ҷорӣ роҷеъ ба вазифаҳои устувори соҳаи иҷтимоӣ баргузор гардида буд, маълумот доданд.
Дар ҷамъомад роҷеъ ба масъулияти волидон, таъсири муҳити оила ба таълиму тарбияи фарзанд, давомоти донишомӯзон ва дараҷаи азхудкунии дарсҳо фикрҳо баён карда шуданд. Инчунин, масъалаҳои муҳим, аз қабили иштироки масъулон дар пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кор бо донишомӯзони тарбияашон душвор, ташкили бомақсади вақти холии онҳоро муҳокима карданд. Дар ин бора падару модарон низ таклифҳои худро фаъолона пешниҳод намуданд.
Инчунин, дар ҷамъомади видеоселекторӣ таъкид гардидааст, ки 2 ҳазор штати нозир-руҳшиносҳо аз Вазорати корҳои дохилӣ ба сохтори Гвардияи миллӣ гузаронида хоҳанд шуд.
— Ба тарбияи бачаҳо ҳар яки мо, хусусан падару модарон масъул мебошем, — гуфт ҳокими вилоят. — Забонҳои хориҷиро омӯхтан ва соҳиби касб шудани фарзандони мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ҳама чизи хуб чист? Ифтихори фарзанд аз падар на! — Ифтихори падар аз фарзанд! Имрӯзҳо кадом падару модар ба мактаб омада, давомоту дарсазхудкунии фарзандонро тафтиш, касбомӯзии ӯро талаб мекунад? «Худам-ку натавонистам, бигзор фарзандам хуб хонаду касб омӯзад, зиндагии беҳтар бинад, дар вақти пирӣ такягоҳи ман, пушту паноҳи ман шавад», гуфта ба бачаҳои худ бояд илму ҳунар омӯзем.
Сипас, сарвари Садорати гвардияи миллӣ А. Умаров оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир шудаанд, маълумотҳои оморӣ дод.
— Дар соли 2023 дар вилоятамон ноболиғон 191 ҷиноят содир кардаанд. 60 дарсади онҳоро ҷиноятҳои дуздӣ ташкил медиҳанд. Мутаассифона, 2 ҳолати қотилӣ мушоҳида карда шудааст. Барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо ходимони масъули мо бо ҷонишинҳои директорон оид ба корҳои маънавӣ-маърифатӣ чораҳо меандешанд ва ба амалӣ намудани онҳо кӯшиш мекунанд.
Вай дар мактаб бо рафти корҳо роҷеъ ба татбиқи лоиҳаи «2‑то забон ва як касб» шинос шуда, бо донишомӯзон мулоқот кард.
Дар охир ҳокими вилоят Э. Турдимов ба ҳамаи роҳбарон ва вакилони соҳаи таълим таъкид намуд, ки ба тақдири насли наврас бефарқ набошанд.
