Ovozi.uz

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд

Дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Юлдошев бо муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфаронро дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани корҳо оид ба бунёди «Боғи дӯстӣ», таъсиси Маркази хидматрасонии кишоварзӣ (AKIS) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, масъалаи шолипарварӣ дар Водии Заррин, ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфарон дар вилояти Суғд ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, таҳияи «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории соҳаи кишоварзи барои солҳои 2024-2026-ро баррасӣ намуданд.