Ovozi.uz

Электробусҳо — барои шаҳри бостонӣ

Президенти Ҷумҳурияти Ўзбекистон доир ба чораҳои амалисозии лоиҳаи «Харидани электробусҳо барои нақлиёти шаҳри Самарқанд ва ба вуҷуд овардани инфрасохтори ба он бевосита алоқадор» бо иштироки Бонки ЭҚЕ ва рушди аврупо қарор қабул намуд. Маълум, ки амалисозии лоиҳаи мазкур барои солҳои 2023–2025 муқаррар гардидааст. Лоиҳа аз ҳисоби қарзи аз ҷониби БЭРА ҷудогардида маблағгузорӣ карда мешавад.
Барои истифодаи бомақсад ва самаранок аз қарзи БЭРА, сари вақт ва сифатнок амалӣ намудани лоиҳа Вазорати нақлиёт ва ҳокимияти вилояти Самарқанд мақомоти иҷрокунанда, бенефитсиари лоиҳа бошад КД «Samarqandyo›lovchitrans» ба ҳисоб меравад.
Автобусҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқдиҳанда, ки дар доираи лоиҳа харида шудаанд, бо интихоби беҳтарин пешниҳодҳо ба сектори хусусӣ (интиқолдиҳандагон) ба иҷораи молиявӣ дода мешаванд;
Электробусҳо мустақиман ба самтҳои муқаррарии автобусҳои шаҳрӣ дар асоси брутто-­шартнома, ба тариқи истисно, ба мӯҳлати 7 сол вобаста карда мешаванд. Дар ин маврид нархи самтҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ташкил карда мешавад;
Дар бошишгоҳи тармимшудаи автобусҳо дар асоси шартномаи байни КД «Samarqandyo,lovchitrans» ва интиқолдиҳандагон барои электробусҳо ва иҷораи молиявӣ дастгоҳҳои қувватдиҳанда ҳифз гардида, хидмат мерасонанд;
Маълумот оиди маблағ ва натиҷаҳои ноилгардида мунтазам дар веб-сайти расмии Вазорати нақлиёт ва ҳокимияти вилояти Самарқанд эълон карда мешавад.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба иҷораи молиявии автобусҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқдиҳанда таъсис дода мешавад. Вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ аз инҳо иборатанд:

  • муайян намудани тартиби гузаронидани озмуни иҷораи молиявӣ ва талаботи ҳадди ақал нисбат ба иштирокдорони озмун;
  • таҳия ва тасдиқи шартҳои иҷораи молиявӣ;
  • гузаронидани озмунҳо ва арзёбии пешниҳодҳои иштирокдорони озмун, инчунин, муайян намудани ғолибон;
  • таҳия ва тасдиқи шартномаи намунавии иҷораи молиявӣ;
  • муайян намудани шартҳои истифодаи бошишгоҳи автобуси ДК «Samarqandyo,lovchitrans» аз ҷониби интиқолдиҳандагон (ғолибони озмун).
  • электробус ва дастгоҳҳои барқдиҳанда барои иҷораи молиявӣ аз рӯи лотҳо дар хатсайрҳои муқаррарии автобусҳои шаҳрӣ ба музояда гузошта мешаванд;
  • шартномаи молиявиро ба муддати 10 сол мебанданд ва даромадҳои иҷора ба хазинаи махсуси молиягузории нақлиёти ҷамоатии вилояти Самарқанд фиристода мешавад;
  • дар сурати пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои дар шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинишуда, электробус ва дастгоҳҳои барқдиҳанда ба моликияти иҷорагир гузаронида мешаванд;
  • бошишгоҳи дар доираи лоиҳа тармимшудаи автобус ба интиқолдиҳандагон (ғолибони озмун) дар асоси иҷора хидмат мерасонад ва ба фурӯшу шахсони сеюм роҳ дода намешавад.
    Тавассути қарор нишондиҳандаҳои асосии таҳкурсии техникӣ-­иқтисодии лоиҳаи «Харидани электробусҳо барои нақлиёти шаҳри Самарқанд ва ба вуҷуд овардани инфрасохтори ба он бевосита алоқадор» бо иштироки Бонки ЭҚЕ ва рушди аврупо;
    ҷадвали прогнози баргардонидани қарзи асосии БЭРА, ки барои лоиҳаи «Харидани электробусҳо барои нақлиёти шаҳри Самарқанд ва ба вуҷуд овардани инфрасохтори ба он бевосита алоқадор» бо иштироки Бонки ЭҚЕ ва рушди аврупо ҷалб гардидааст, амалисозии фоизҳои дар он ҳисобшуда, пардохтҳои ибтидоии якмаротибагӣ ва ҳатмӣ;
    графики расонидани электробус ва дастгоҳҳои барқдиҳанда барои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд тасдиқ карда шуд.

Ўз А.