Имрӯз барои пешрафт дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ҳатман дипломи донишгоҳи маъруф ё таҷрибаи чандинсола шарт нест. Хоҳиши омӯзиш, заҳмати пайваста ва муҳити дурусти таълим муҳим аст. Маҳз чунин муҳитро имрӯз School 21 — мактаби технологияҳои рақамии Самарқанд фароҳам овардааст. Дар ин ҷо ҷавонон на танҳо барномасозиро меомӯзанд, балки барои рақобат дар бозори ҷаҳонии меҳнат омода мешаванд.
Шуъбаи Вазорати технологияҳои рақамӣ дар вилояти Самарқанд барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил намуд. Аз аввали он маълум гардид, ки School 21 аз муассисаҳои анъанавии таълимӣ фарқ мекунад. Дар ин ҷо синфхонаҳои маъмулӣ, лексияҳои тӯлонӣ ва ҳатто имтиҳонҳои анъанавӣ вуҷуд надоранд. Ҳар як иштирокчӣ мустақилона дониш меомӯзад, дар гурӯҳҳо кор мекунад, лоиҳаҳои воқеиро иҷро менамояд ва аз ҳамдигар сабақ мегирад. Маҳз ҳамин усули «ҳамдигаромӯзӣ» (peer-to-peer) имрӯз яке аз самараноктарин моделҳои омодасозии мутахассисони IT мебошад.
— Аз рӯзи таъсиси мактаб то имрӯз барои таҳсил дар кампусҳои Самарқанд ва Тошканд беш аз 120 ҳазор нафар ариза додаанд, — гуфт директори кампуси School 21 дар Самарқанд Бобомурод Тошбоев. — Аз онҳо зиёда аз 11 ҳазор нафар аз зинаи интихобӣ — «Ҳавз» («Бассейн») гузашта, имрӯз беш аз 2,5 ҳазор нафар таҳсилро давом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки зинаи «Ҳавз» барои бисёриҳо аввалин имтиҳони воқеии ҳаёти касбӣ мебошад. Дар ин муддат на танҳо дониши барномасозӣ, балки қобилияти омӯзиши мустақилона, таҳлили масъала, кор дар гурӯҳ ва зуд мутобиқ шудан ба вазъиятҳои навро месанҷанд. Онҳое, ки аз ин санҷиш бо муваффақият мегузаранд, ба барномаи асосии таълим роҳ меёбанд.
Дар рафти пресс-тур рӯзноманигорон бо ҷавононе мулоқот карданд, ки аллакай дар давраи таҳсил ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд. Саидғанӣ Дадаҷонов имрӯз дар ширкати фаронсавии Lobster.io фаъолият мекунад. Савлатҷон Амонов бошад, пас аз таҷрибаомӯзӣ ба ширкати ҷопонии Better Web ба кор даромад.
Ҳардуи онҳо иқрор шуданд, ки пеш аз ворид шудан ба School 21 на таҷрибаи ҷиддии барномасозӣ доштанду на худро мутахассиси ояндаи IT тасаввур мекарданд. Аммо муҳити омӯзиш, иҷрои лоиҳаҳои амалӣ ва меҳнати пайваста зиндагии онҳоро куллан дигаргун кардааст.
Дар School 21 ҷавонон танҳо барномасозиро намеомӯзанд. Онҳо идеяҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд. Аз ҷумла, иштирокчӣ Камолбек Омонов платформаи рақамии «Ishli Ayol»-ро таҳия намудааст. Ин хизматрасонӣ барои дастгирии занон пешбинӣ шуда, ба онҳо дар ҷустуҷӯи ҷойи кор, рушди малакаҳои касбӣ ва пайдо кардани имкониятҳои нави фаъолияти меҳнатӣ хизмат мекунад.
Лоиҳаи дигари ҷолиб ихтирои Ҳусан Саидаъзамов аст. Ҳоло ӯ аз рӯи сохтани овеза интеллектуалии калид (брелок) барои пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ кор мебарад. Ин дастгоҳ метавонад ҷойи кортҳои пардохтро гирад ва истифодаи нақлиёти ҷамоатиро боз ҳам осонтар намояд.
Таъкид гардид, ки омӯзиш дар School 21 танҳо дар кампус маҳдуд намешавад. Иштирокчиён ҳатман дар ташкилоту ширкатҳои гуногун таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Имрӯз чанд нафари онҳо дар шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои киберии Садорати корҳои дохилии вилоят фаъолият дошта, бо масъалаҳои воқеии киберамният машғуланд.
Дар ҷараёни пресс-тур рӯзноманигорон инфрасохтори замонавии муассисаро низ аз назар гузарониданд. Кампус дар масоҳати зиёда аз чор ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дорои садҳо ҷойи кории муҷаҳҳаз, кластерҳои таълимӣ, толори конфронс, толори варзиш, ҳуҷраҳои гуфтушунид, минтақаҳои истироҳат ва хобгоҳ мебошад.
Яке аз бартариҳои муҳими School 21 фаъолияти шабонарӯзии он аст. Кампус 24 соат ва ҳафт рӯзи ҳафта боз буда, ҳар иштирокчӣ метавонад мувофиқи нақшаи худ омӯзишро ба роҳ монад. Ин тарзи таҳсил дар ҷавонон масъулиятшиносӣ, мустақилӣ, малакаи кор дар гурӯҳ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои мураккабро ташаккул медиҳад.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
