Ovozi.uz

Об — рӯшноӣ, исрофи он убол аст!

Ё худ исрофкории оби кранҳову чоҳҳои артезианӣ

Агар ба таърихи гузаштаи ин замини табаррук нигоҳ кунем, мебинем, ки ниёгони мо дар Осиёи Марказӣ қадри ҳар қатраи обро медонистанд. Дар иқлими хушку гарми мо, ободии шаҳр ва зиндагии одамон маҳз ба об вобаста аст. Барои ҳамин ҳам дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна як низоми аҷоибу ғароиб ва фарҳанги баланди сарфаи об мавҷуд буд, ки имрӯз онро олимони аврупоӣ дида, ангушти ҳайрат мегазанд!

Мутафаккирони мо чунон дақиқкор буданд, ки муҳандиси асри даҳум Абӯбакр ал-­Караҷӣ дар рисолаи машҳури худ «Инботу-л-миёҳи-л-хафия» («Ихроҷи обҳои зеризаминӣ») тамоми қонуниятҳои физикӣ ва геологии сохтмони корезҳоро илман исбот карда буд. Ин дар тамоми ҷаҳон аввалин дастури илмӣ барои ёфтани обҳои зеризаминӣ ба шумор меравад. Гузаштагони мо обро бо усулҳои нодир, хеле сарфакорона идора мекарданд.

Шабакаи нақбҳои зеризаминӣ, ки аз доманакӯҳҳо оби софу ширинро тавассути ҷозибаи табиӣ, бе ягон насосу қувваи барқ, рост ба воҳаҳо меовард, корез ном дошт. Азбаски об дар зери замин, дар торикиву салқинӣ ҳаракат мекард, аз таъсири офтоби сӯзон умуман бухор намешуд.

Дар роҳҳои корвонгузари Шоҳроҳи Абрешим сардобаҳо — обанборҳои бузурги зеризаминӣ буданд, ки бо гунбазҳои хиштии боҳашамат пӯшонида шуда, обро дар чиллаи тобистон низ салқин нигоҳ медоштанд, ки бӯй нагирад.

Алалхусус, шаҳри Самарқанди қадим дар замони Соҳибқирон Амир Темур ва Темуриён дорои низоми мураккаб ва беназири обёрӣ буд. Оби дарёи Зарафшон тавассути каналҳои бузург, хусусан канали машҳури Дарғам ба шаҳр оварда шуда, ба воситаи қубурҳои сафолин ба маҳалла ва ҳавзҳо тақсим мешуд. Шарафуддин Алии Яздӣ дар китоби худ «Зафарнома» навиштааст, ки Амир Темур ба сохтмони каналҳои Самарқанд, алалхусус наҳри Дарғам, таваҷҷӯҳи хос дошт. Ҳатто академик Василий Бартолд дар тадқиқоти худ мегӯяд, ки дар ин давр низоми идоракунии оби Самарқанд яке аз мукаммалтарин низомҳои обрасонӣ дар Шарқ ба шумор мерафт.

Дар ин кор шахси масъулу соҳибэҳтиром мироб буд, ки обро дар асоси навбат ва эҳтиёҷоти воқеӣ тақсим мекард. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт, ки обро аз меъёр зиёд ва ё ҳаққи дигаронро гирад. Дар маркази ҳар як маҳалла ҳавзҳо захираи оби мардум буданд ва дар кӯчаҳо сохторҳои махсуси обдиҳӣ ба роҳгузарон оби хунук пешкаш мекарданд.

Дар Осиёи Марказӣ об ҳамеша чизи муқаддас буд. Ин фарҳанг аз замонҳои қабл аз мелод, ки дар он олуда кардани обро гуноҳи азим медонистанд, оғоз ёфта, дар даврони ислом боз ҳам қавитар шуд. Дар китоби қадимии «Авесто» олуда кардани об ё рехтани партов ба он ҷинояти вазнин ҳисобида мешуд.

Мову шумо дар кӯдакӣ, аз бобову бибиҳоямон шунидаем, ки мегуфтанд: «Об нишонаи рӯшноист», «Обро лой накун, убол мешавад», «Обро исроф кардан гуноҳи азим аст». Касе ҷуръат намекард, ки ба оби равони ҷӯйбор партов партояд. Танҳо ба қадри кифоя об гирифта мешуд. Ниёгони мо ба шарофати ҳамин тавозун ва эҳтиром ба табиат тавонистанд Самарқандро ба «Биҳишти рӯи замин» табдил диҳанд.

Имрӯз дар шаҳру кӯчаҳои мо вазъияти истифодаи обҳои зеризаминӣ ва артезианӣ ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Фарҳанги истифодабарӣ на ҳамеша риоя мешавад, гоҳо исрофкорӣ аз ҳад мегузарад! Баъзан сокинонеро мебинӣ, ки оби тозаи ошомиданиро, ки дар баъзе ҷойҳо ба як қулташ зор ҳастанд, бо брандспойтҳо ба замини сабзавот ва боғҳо равон мекунанд, ҳатто кӯчаҳоро мешӯянд! Кранҳои фарсудае зиёданд, ки шабу рӯз аз он об мечакад. Ин миқдор дар як сол баробари ҳазорҳо литр оби зулол мешавад.

Дар бисёр ҷойҳо об аз чоҳҳои артезианӣ шабу рӯз бетанаффус ба ҷӯйборҳои холӣ рафта истодааст. Ин исрофи ҷинояткорона аст! Ҳудуди Самарқанд, ки пештар бо обҳои фаровони зеризаминиаш машҳури ҷаҳон буд, имрӯз мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар баъзе қисматҳояш бо пастшавии сатҳи об то 20–30 метр ва бештар аз он рӯ ба рӯ шудааст!

Ин маълумоти ҷиддист! Дар натиҷаи паст шудани сатҳи об, одамоне, ки аз чоҳҳои дастӣ истифода мебаранд, сарсон мешаванд. Аз сабаби истифодаи беандоза, обҳои чуқуриҳои поёнӣ, ки маъдани зиёд доранд, ба боло баромада заминҳои ҳосилхези моро шӯр мекунанд. Афсӯс, ки дар бисёр мавзеъҳо санҷиши чоҳҳои худсарона кофта шуда ва ҷаримабандӣ барои исрофкорӣ суст аст. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки об неъмати беинтиҳост, вале ин фикри нодуруст!

Захираи оби чоҳҳои артезианӣ ҳам метавонад тамом шавад. Суръати барқароршавии онҳо нисбат ба обҳои рӯизаминӣ хеле суст буда, шояд садҳо солро талаб кунад. Бубинед, кишварҳое мисли Авс­тралия, ки бо норасоии об рӯ ба рӯ ҳастанд, оби борон ва ҳатто обҳои пасмондаро пас аз тозакунии бисёрзинагии технологӣ ба зери замин барқарор мекунанд, то дар мавсими хушкӣ дубора истифода баранд.

Барои ҳалли ин мушкил амалӣ кардани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

Насби ҳисобкунакҳои об дар ҳар як хоҷагӣ, қатъиян манъ кардани чоҳҳои ғайриқонунӣ тавассути назорати моҳворавӣ ва рейдҳои маҳаллӣ. Вақте ки инсон барои ҳар як литри исрофкардааш аз ҷайби худ пул медиҳад, табиатан ба сарфакорӣ оғоз мекунад.

Ҳавасмандкунии деҳқонон барои гузаштан ба обёрии қатрагӣ ва борони сунъӣ, ки сарфи обро то 50–70 дарсад кам ва ҳосилро зиёд мекунад.

Иваз кардани қубурҳои пӯсидаи маҳаллаҳо, ки манбаи асосии талафоти об мебошанд.

Хусусан, баъд аз истифодаи об набояд кранро кушода гузошт! Танҳо як ҷумраки кушода дар як дақиқа то 12 литр оби зулолро беҳуда ба нестӣ мебарад. Оби боронро барои обёрии гулҳову дарахтони ҳавлӣ ҷамъ кардан дуруст аст. Бо оби ошомидании ширин шустани мошин, саҳни ҳавлӣ ва кӯчаҳо қатъиян манъ карда шудааст!

Сарфаи об — ин нишонаи маданият, инсоният ва фарҳанги инсони муосир мебошад. Вақте ки мо кранро бесабаб кушода мегузорем, бояд дарк кунем, ки ҳиссаи наслҳои оянда, саҳми фарзандону набераҳоямонро кам карда истодаем. Имрӯз ин неъмати ҳаётро қадр кунем, фардо пушаймон нахоҳем шуд!

Фозили МУҲАММАДЗОД