Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки рӯзи 26‑уми сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба чораҳои пурзӯр намудани сохтори кори маҳаллабайъ гузаронида шуд, оид ба ислоҳи сохтор вазифаҳои муҳим муқаррар гардиданд. 21‑уми декабр фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақши институти маҳалла дар ҷомеа ва ба сифати зинаи аввалин таъмин намудани фаъолияти он дар ҳал кардани муаммоҳои аҳолӣ» ва қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба роҳ мондани фаъолияти Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва такмилдиҳии сохтори идора дар маҳаллаҳо» имзо гардид. Хуб, ин ҳуҷҷатҳо чӣ аҳамият доранд?
Иттиҳоди нав маҳаллаҳоро ба ҳам меорад
Ташкили Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, садоратҳои он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин, шӯъбаҳои иттиҳод дар шаҳру ноҳияҳо шуд.
Конференсияи Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон органи аз ҳама болоии он буда, камаш дар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Масъалаи кадрҳо бо роҳи ихтисори 667 воҳиди штатии Вазорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғл ҳал гардида, фаъолияти иттиҳод, шӯъбаҳои ҳудудии он, инчунин, шӯъбаи дастгирии фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла»-и Девони Вазирон ба роҳ монда мешавад. 320 воҳиди штатии шӯъбаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳия (шаҳр)-ҳои Тошканди Бунёди ҷамоатии хайриявии «Маҳалла» ихтисор шуда, ба иттиҳод ва шӯъбаҳои ҳудудии он гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ташкилоти ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратӣ ба шумор меравад.
Мақоми роҳбарони садоратҳои иттиҳод дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва роҳбарони шӯъбаҳои иттиҳод дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯи шароитҳои таъминотии мазкур ба ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ба ҷонишинҳои ҳокими вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва шаҳру ноҳияҳо баробар карда шуд.
Ба шӯроҳо ҳокимон раисӣ мекунанд
Бо фармони дахлдор Шӯрои дастгирии маҳаллаи ҷумҳурӣ, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳия (шаҳр)-и Тошканд ташкил гардид. Ба Шӯрои, дастгирии маҳаллаи ҷумҳурӣ Сарвазир, ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳия (шаҳр)-и Тошканд Раиси Жӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимон раисӣ мекунанд.
Шӯрои дастгирии маҳаллаҳои ҷумҳурӣ органи олие ба ҳисоб меравад, ки самтҳои асосии рушди маҳаллаҳоро муайян мекунад ва даромад, хароҷот, барномаҳоро тасдиқ менамояд. Шӯроҳои ҷумҳурӣ ва минтақавӣ дар асоси назорати ҷамоатӣ фаъолият менамоянд.
Шӯрои ҷумҳурӣ дар ҳар шаш моҳ, шӯроҳои дастгирии маҳаллаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд дар ҳар се моҳ, шӯроҳои дастгирии маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо дар ҳар моҳ камаш як маротиба оид ба баҳогузории фаъолият ва ҳалли умумии муаммоҳои иттиҳод ва дигар ташкилотҳои давлативу қисмҳои минтақавии дахлдори онҳо ҷамъ меоянд.
вазифаҳои «ҳафтгонаи маҳалла» аз чӣ иборат аст?
Қобили зикр аст, ки то имрӯз ба фаъолони маҳалла дар асоси зиёда аз 100 санадҳои нормативӣ-ҳуқуқӣ вазифаҳо вогузор гардида буданд. Дар фармон раиси маҳалла, сардори ҷавонон, фаъоли зан-духтарон, инспектори профилактикӣ, ходими иҷтимоӣ ва нозири андоз яъне ташкили «Ҳафтгонаи маҳалла», ки дар асоси ҷамоатӣ кор мекунанд, муқаррар гардидааст. Инчунин, вазифаҳои ҳар як ходими ҳафтгона муайян карда шуд. Дар зер вазифаҳои асосии онҳоро меорем.
Раиси маҳалла бояд ободонии маҳалларо таъмин ва дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» корҳои тарғиботӣ амалӣ намояд. Аз ҷумла, ӯ бояд моҳе як маротиба дар ҳамаи кӯчаҳои маҳалла ҳашари оммавӣ ва дар хонаи таъмирталаби 2 оилаи эҳтиёҷманд бо роҳи ҷалби ҳамсояҳо ҳашар ташкил намояд. Ғайр аз ин, ӯ дар ҳар чоряк бояд як маротиба вохӯрии шоир, нависанда ва ходимони маданиятро бо аҳолӣ ташкил карда, оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо сӯҳбат гузаронад. Инчунин, вакилони идораҳои давлатии ба маҳалла вобасташударо ба ҳалли муаммоҳои аҳолӣ сафарбар намуда, ба фаъолияти ёрдамчии ҳоким, ки дар маҳалла фаъолият менамояд, фаъоли зан-духтарон, сардори ҷавонон, нозирони профилактикиву андоз ва ходими иҷтимоӣ роҳбарӣ кунад. Муддати ваколати раиси маҳалларо аз 3 то ба 5 сол дароз кардан ҳам дар назар дошта шудааст.
Ёрдамчии ҳоким бояд чораҳои ба соҳибкориву касбу ҳунар омӯзонидани аҳолии бекор, ки даромади доимӣ надоранд ва таъмини шуғли онҳоро андешад, ташаббусҳои соҳибкории аҳолиро дастгирӣ намуда, дар гирифтани кредит ва субсидияҳо ёрӣ расонад. Дар қатори ин, ӯ ҳосили заминҳоеро, ки дар асоси ҳуқуқи иҷора ба аҳолӣ дода шудаанд ва маҳсулотҳои замини наздиҳавлигиро ҳисоб мекунад.
Ҳамкориҳои хоҷагиҳои деҳқониро бо экспортёр, брокер ва корхонаҳои аз нав коркарди маҳсулот ба роҳ мемонад. Барои оилаҳои камбизоати маҳалла «барномаи индивидуалӣ» таҳия карда, зиёд кардани даромадҳои онҳо ҳам вазифаи ёрдамчии ҳоким ба ҳисоб меравад.
Дар маҳалла ба ташкили мақсадноки вақти холии ҷавонон, аз ҷумла ҷалб кардани онҳо барои иштирок дар «Олимпиадаи панҷ ташаббус» сардори ҷавонон масъул аст. Инчунин, расондани ёрӣ ба шуғли ҷавонони бекор ва хатмкунандагони мактаб, дар маҳалла амалӣ кардани «Барномаи шуғли ҷавонон», кори пайваста бо ҷавононе, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ моиланд, ташкили истифодаи босамар аз 30 навъи ёрие, ки ба ҷавонони дар «Дафтари ҷавонон» сабтиномшуда расонда мешаванд, вазифаи сардори ҷавонон мебошад.
Бояд гуфт, ки бо фармон ба сардори ҷавонон бо мақсади тарғиби китобхонӣ дар маҳалла ба сифати намунаи шахсӣ дар ҳар моҳ мутолиаи камаш як китоб ва инкишофи ҷаҳонбинӣ омӯхтани камаш як забони хориҷӣ муқаррар гардид.
Фаъоли зан ва духтарон чораҳои тарғиби тамоюлҳои «Оилаи солим — ҷамъияти солим», аз ҷумла пешгирии никоҳи байни хешу табор ва ҷавонони ноболиғ, беҳдошти саломатии репродуктивӣ, мустаҳкам кардани арзишҳои оилавиро амалӣ мекунад. Инчунин, вай барои афзудани фаъолии иҷтимоӣ-сиёсии зан ва духтарон, васеъ шудани имконияти таълимгирии онҳо ёрӣ мерасонад, ҳар моҳ камаш ба 10 нафар зан ва духтароне, ки вазъи душвори иҷтимоӣ доранд, ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, психологӣ ва моддӣ ташкил мекунад, ҳолатҳои ба зан ва духтарон тазйиқ ва зӯравониро муайян карда, нозири профилактикиро хабардор менамояд.
Нозири профилактикӣ дар маҳалла ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ, тартиби ҷамоатӣ ва муҳити бехавфро таъмин мекунад. Барои амалӣ шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити атрофи мусоид кӯмак мерасонад.
Ходими иҷтимоӣ шахс ва оилаҳоеро, ки вазъи душвор ё ки хавфи калони ба вазъи душвор афтиданро доранд, муайян мекунад, аз рӯи эҳтиёҷи онҳо бар асоси муносибати маҷмӯи (комплексӣ) хидмати касбии иҷтимоӣ мерасонад ва ёрдамҳоро ташкил мекунад.
Нозири андоз ба расондани хидматҳои андоз ба соҳибкорон, васеъ кардани базаи андоз, рӯёндани андозҳо ва ташаккули даромадҳои буҷети маҳалла масъул мебошад.
Субсидия чӣ хел ҷудо карда мешавад?
То ҳол дар маҳаллаҳо захираҳои молиявӣ ва маъмурӣ мавҷуд набуд. Ҷудо кардани ёрии моддӣ барои шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ низ ҷараёни бардавоми аз 5 зина иборатро ташкил мекард.
Мувофиқи фармони мазкур, аз 1‑уми марти соли 2024 ба дафтарҳои «оҳанин», «ҷавонон» ва «занҳо» дохил кардан, инчунин ба воситаи хазинаи ба тадбиркорӣ ҷалб кардани аҳолӣ, Хазинаи давлатии ба шуғли аҳолӣ ёридиҳанда ва Хазинаи дастгирии ҳунармандӣ ва касаначигӣ расондани ёрии иҷтимоӣ ва ҷудо кардани субсидияҳо бар асоси қарори муштараки «ҳафтгонаи маҳалла» амалӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад, то санаи 5‑уми ҳар моҳ ташкилотҳои ба тақсимоти маблағҳои барои дафтарҳо масъул, маблағҳои ташаккулёфтаро мутаносибан аз рӯи шумораи шаҳрвандон ва маблағҳои дохилшуда ба ҳар маҳалла тақсим мекунанд.
Ёрдамчии ҳоким, сардори ҷавонон, фаъоли зан ва духтарон ва ходими иҷтимоӣ аз рӯи вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, ба дафтарҳои дахлдор дохил кардан ва баровардани шахсони ҷисмонӣ, инчунин ҳуҷҷатҳоро роҷеъ ба тақдими ёрии иҷтимоӣ ва субсидияҳо ташаккул медиҳанд, ба аъзои дигари «ҳафтгонаи маҳалла» барои баррасӣ ва қабули қарор пешниҳод мекунанд.
Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он кори «Дафтари оҳанин»-ро пеш мебаранд. Сарфи назар аз ин, ходими иҷтимоӣ ёриҳое, ки ба онҳо хазинаи «Саховат ва кӯмак» мерасонад, барои баррасӣ ба «ҳафтгонаи маҳалла» пешниҳод мекунад.
Инчунин, бо ҳуҷҷати мазкур аз 1‑уми январ дар ҳамаи шаҳр ва ноҳияҳо сохтори «Буҷети маҳалла» дар амал роҳандозӣ мешавад. Дар ҳар маҳалла хазинаи ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодии маҳалла ташкил мегардад.
Маълумоти роҷеъ ба хароҷоте, ки дар доираи сохтори «Буҷети маҳалла» амалӣ шудаанд, дар ҷамъбасти ҳар моҳ то санаи 5‑уми моҳи оянда дар портали ахбори «Буҷети шаффоф» гузошта мешавад.
Дар маҳалла чиҳо тағйир меёбанд?
