Ovozi.uz

Довар Мансано сабаби корти сурх гирифтани Беллингемро гуфт

Довари вохӯрии даври 27-уми Ла Лига байни «Реал Мадрид» ва «Валенсия» (2:2) Хесус Гил Мансано дар бораи барканории нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем изҳори назар кард:

«Дар дақиқаи 99-ум бозингар Ҷуд Беллингем бо сабабҳои зерин аз майдон хориҷ карда шуд: пас аз анҷоми бозӣ, ӯ дар ҳолати хашмгинона ба сӯи ман давида, ин ибораро чанд маротиба такрор кард: «Ин як голи лаънатӣ»

Ёдовар мешавем, ки нимҳимоятгари англис пас аз садои ҳуштаки ниҳоӣ дар бозӣ бо «Валенсия» барои баҳс бо довар корти сурх гирифта буд.

Пас аз 27 даври Чемпионати Испания дар мавсими имсола Реал Мадрид бо 66 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Валенсия» бо 37 имтиёз дар ҷои 9-ум аст.