Ovozi.uz

САРФАКОРӢ — КАМ КАРДАНИ ТАЛАФОТ ВА ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Ҳоло мо ҳаёти худро бе қувваи барқ тасаввур карда наметавонем. Лаҳзае қувваи электр қатъ гардад, зуд ба идораи таъминоти барқ занг мезанем.
Равшан Бозоров 17 сол боз диспетчери идораи таъминоти барқи ноҳияи Тайлоқ аст. Ҳангоми навбатдорӣ ба ӯ аз тамоми гӯшаву канори ноҳия истеъмолчиёни қувваи барқ занг мезананд, бо хоҳишу дархост ё шикоят муроҷиат мекунанд. Ӯ ҳамаи муроҷиатҳоро дар дафтари махсус қайд карда, ба онҳо ёрӣ мерасонад ва барои интиқоли барқӣ бефосила ба корхонаву ташкилотҳо ва хонаводаи одамон саҳм мегузорад.
Шабакаи хати барқи ноҳия 1433 километрро ташкил мекунад. Ба аҳолии ноҳия се нимстансия хизмат мерасонанд. Инҳо нимстансияҳои Адас, Боғизоғон ва МҶО мебошанд. Шумораи умумии истеъмолгарони қувваи электр 44567 адад аст. Аз инҳо 1602‑тоаш ташкилоту корхонаҳо ва боқимондааш, яъне 42965 истеъмочиёни ҷисмонӣ ба ҳисоб мераванд.
Бо мақсади пардохти саривақтӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқ гузоштани ҳисобкунакҳои «боақл» қариб, ки ба охир мерасад. Аз ҳисоби умумии истеъмолчиён ба 43561‑тоаш ҳисобкунакҳои наву замонавии ASKUE гузошта шудаанд. Акнун танҳо иваз кардани 1290 ҳисобкунакҳои кӯҳна боқӣ мондааст.
Барои пешгирии ҳолатҳои садамавӣ ва таъмини мунтазами барқ 5 бригадаи хизматрасонӣ амал мекунанд. Онҳо бо техника ва таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии зарурӣ таъминанд. Дар ноҳия ташкили боз як чунин бригадаи хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.
— Ҳоло дар назди мо вазифаҳои бузург истодаанд, — мегӯяд сарвари таъминоти барқи ноҳия Акбар Сиддиқов. — Баробари бо қувваи барқ хубтар таъмин кардани корхонаву ташкилот ва аҳолии ноҳия бояд талафоти энергияи электрикиро кам кунем ва барои сарфакорона истифода бурдани ин манбаи энергия аз таҷҳизоти каммасраф истифода барем. Ба қарибӣ сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видоеселекторӣ дар ин бобат низ ҳарф заданд. Президентамон таъкид карданд, ки сарфакорӣ бояд аз ҳисоби кам кардани талафот, ҷорӣ намудани технологияҳои камхарҷ ба амал бароварда шавад. Мо аз рӯйи ин нишондодҳои сарвари давлатамон корро ба роҳ монда, реҷаи махсус тартиб додем ва аз рӯйи он кор мебарем. Аз ҷумла, чорабиниҳои таъмири хушсифати трансформаторҳои мавҷуда, нав кардани баъзеи онҳо, кашидани ноқилҳои барқгузаронии СИП, иваз кардани симчӯбҳои пешина бо сутунбетонҳо ва тарғибу ташвиқи дурусти истифодаи оқилонаи қувваи барқ ба ҳисоб мераванд.
Дар ноҳия барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо дар нимстансияҳо трансформаторҳои иловагӣ ё пуриқтидор гузошта мешаванд. Масалан, дар нимстансияи Адас трансформатори 10 ҳазор kVt вуҷуд дошт. Ба он трансформатори иловагии 6,300 ҳазор kVt-а гузошта шуд. Баъди мондани трансформатори иловагӣ дар ин ҷо бори нимстансияи Боғизоғон ҳам камтар гашт. Аз ин нимстансия 5 ташкилоти ҳуқуқӣ ва аҳолии 6 маҳалла истифода мебаранд.
Қувваи нимстансияи Боғизоғон ба 30 ҳазор киловатт расонида шуд. Ин нимстансияи қисми асосии аҳолиро бо қувваи барқ таъмин мекунад.
— Соли равон дар миқёси ноҳия 230,52 километр хати интиқоли барқ ва 112 пункти трансформаторӣ бояд аз таъмири мукаммал бароварда шавад, — гуфт саринженери таъминоти барқи ноҳия Беҳзод Юсуфов. — То ҳол 78,2 километр хатти барқ ва 41 пункти трансформаторӣ аз таъмири мукаммал бароварда шуданд. Таъмири ҷории 88,4 километр хати барқӣ ва 38 пункти трансформаторӣ ба охир расиданд. Дигар корҳои тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024–2025 босуръат давом доранд.
Имсол маҳаллаи Теппақишлоқи ноҳия ба барномаи «Қишлоқи обод», «Кӯчаи обод» ва «Хонадони обод» дохил гардидааст. Бинобар ҳамин, дар бобати беҳтар гардидани таъминоти барқи ин маҳалла низ корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Аз ҷумла, дар маҳалла ду трансформатори нав гузошта мешаванд. Қариб ба масофаи 10 километр хати интиқоли барқи маҳалла иваз гардиданд. 386 адад бетонсутунҳо гузошта шуданд.
— Маҳаллаи мо то рафт ободу зебо мегардад, — гуфт сокини ҳамин маҳалла Абдуҳамид Каримов. — Маркази маҳалламон таъмир гардид. Пункти нави тиббӣ сохта шуд. Роҳравҳо сохта, акнун онҳоро чароғон мекунанд. Хати алоқаи вай-фай кашида мешавад. Дар роҳҳо асфалт хобонданд. Сифати таъминоти об ҳам хуб шуд.

Бахтиёр ҶУМЪАЕВ,
мухбири махсуси рӯзномаи «Овози Самарқанд».