Ovozi.uz

Ҷавонон — қувваи созанда ва ворисони оянда

«Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!». Инак, қариб як моҳ аст, ки дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилоятамон таҳти чунин шиор фестивали ҷавонон идома дорад. Ба фестивалҳои навбатӣ ноҳияҳои Қӯшработ, Оқдарё, Булунғур, Нуробод, Ургут ва Ҷомбой мизбонӣ карданд.
Қӯшработ
Дирӯз дар доираи фестивали ҷавонон, ки дар ноҳияи Қӯшработ гузаронида шуд, беш аз 30 барнома ва лоиҳаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои миллӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва рақс амалӣ гардид.
Иштирокдорон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, кашидадӯзӣ ва таҷҳизоти варзишӣ дидан карданд.
Дар доираи фестивали имсола дар Маркази ҷаовнони ноҳия бо ташаббуси прокурори вилоят мусобиқаи шоҳмоти «Қӯшработ OPEN‑2024» низ гузаронида шуд. Дар он шоҳмотбозони касбӣ ва ҳаваскор рақобат карданд. Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Ҷомбой
Рӯзи 20‑уми июни соли равон чунин фестивал дар ноҳияи Ҷомбой баргузор гардид. Аз субҳи содиқ дар назди заводи автомобили «МАN» ҷавонони фаъоли ноҳия барои иштирок дар марафони пиёдагардии «Барои ҳаёти солим — 5 ҳазор қадам» ҷамъ омаданд.
Сипас, дар варзишгоҳи марказии ноҳия машқҳои ҷисмониро иҷро карданд. Инчунин, дар доираи фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои интеллектуалӣ, озмунҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар Мактаби варзишии ноҳия аз рӯйи тирандозӣ аз камон дарси маҳорат баргузор гардид. Дар мусобиқаҳо аз рӯйи намуди бокс, каратэ, гӯштии миллӣ ҷавонон имкони намоиши истеъдоди худро ба даст оварданд. Дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 10 озмуни рақс ва рассомӣ гузаронида шуд.
— Дар кишвари маҳбуби мо барои тадбиркорони ҷавон як қатор имтиёз ва имкониятҳо дода шудаанд, — гуфт сокини маҳаллаи Аҳмадҷон Қурбонови ноҳия, соҳибкори ҷавон Абдуазиз Тошпӯлодов. — Аз чунин имтиёзҳо истифода бурда, дар доираи лоиҳаи «Қадами аввал ба тиҷорат» 30 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифтам ва коргоҳи дӯзандагиву маркази киберспортро ташкил кардам. Дар натиҷа 6 нафар ҷавонони маҳаллаи худро бо кор таъмин намудам. Имрӯз дар доираи фестивали ҷавонон маросими кушодашавии коргоҳ баргузор гардид. Ният дорем, ки дар оянда доираи фаъолияти худро васеътар намоем.
Пайариқ
Фестивали ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» дар ноҳияи Пайариқ низ бо чорабиниҳои фарҳангӣ, озмуну мусобиқаҳо хотирмон гузашт.
Дар рафти яке аз чорабиниҳои фарҳангӣ ҳокими ноҳия И. Ҷабборов ба 190 нафар донишомӯзон, ки мактабро бомуваффақият хатм кардаанд, медалҳои тилло ва нуқраро тантанавор супорид.
— Сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мегардад, натиҷаҳои худро нишон медиҳад, — гуфт ҳокими ноҳияи Пайариқ И. Ҷабборов. — Мо ифодаи амалии инро дар бисёр самтҳо, аз қабили бо кор таъмин намудани ҷавонон, соҳиби маълумоти олӣ шудани онҳо, бозомӯзии касбу ҳунар, дастгирии фаъолияти тадбиркории ҷавонон, ғояҳои созандагии онҳо, ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои стартап мушоҳида карда метавонем. Дар ин бобат мо аз ҷавонони ноҳияи Ҷомбой умеди калон дорем. Имрӯзҳо онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳар самт пешсаф бошанд ва дар амал ба ин ноил шуда истодаанд.
Дар фестивал ба ғолибони озмуну мусобиқаҳо, фаъолони ноҳия, ки бобати дастгирии ҷавонон фидокориҳо намудаанд, сертификат ва тӯҳфаҳои роҳбарони секторҳои вилоят супорида шуд.
Сурудҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи пойтахт, сарояндагони боистеъдоди самарқандӣ, дастаҳои фолклорӣ ба иштирокчиён табъи идона бахшиданд.
Оқдарё
Фестивал дар ноҳияи Оқдарё бо марафони пиёдагардии «Барои ҳаёти солим — 5 ҳазор қадам» оғоз гардид. Чун одат дар сафи аввали марафон ҳокими ноҳия бо роҳбарони секторҳо қадам мезад. Дар ин марафон бошад, дар қатори аввал ҳокими ноҳия бо ҷавонон ҳамсӯҳбат шуда, ҳаракат кард.
«Вохӯрии се авлод» низ ба таври хоса ва пурмазмун гузашт. Пиронсолон ба ҷавонон воқеаҳои дорои аҳамияти тарбиявиро нақл карданд.
— Сол то сол вароншавии оилаҳои ҷавон меафзояд, — гуфт Иброҳимбобо Ноёбов. — Дар маҳаллаи Бозорҷойи мо низ низоъҳои оилавӣ рӯй медиҳанд, аммо кӯшиш мекунем, ки аз доираи маҳалла берун наравад. Барои ба ҳам овардани як оила, ки нияти ҷудошавиро доштанд, бисёр кӯшиш кардем. Ниҳоят зану шавҳарро бар маркази маҳалла даъват карда, аз арӯс, ки дар хонаи падараш истиқомат мекард, хоҳиш кардем, то бо худ ду фарзандашро ҳам биёрад. Домод омада гуфт, ки аз фикри ҷудошавӣ барнамегардад, азмаш қатъӣ аст. Ман ду фарзандашро нишон дода, дар чӣ ҳад падари худро дӯст доштани онҳоро гуфтам. Ҳамин дам духтараки дусола аз дасти бародари худ гирифта, пеши падарашон омаданду ӯро оғӯш карданд. Дар чашмони падар ашк ҳалқа зад. Оилаашро бо худ бурд ва ҳоло ҳаёти хуш доранд.
Булунғур
Дар ноҳияи Булунғур бо тафовут аз фетисвалҳои дигар озмуни «Бахшиҳои ҷавон» гузаронида шуд.
Дар озмун ворисони муносиби Фозил Йӯлдош ӯғли, 9 нафар писару духтарон иштирок карданд. Онҳо аз достонҳо порчаҳо иҷро намуданд. 
— Аз овоне, ки ақли худро мешиносам, думбура зада, барои чун бахшиҳо сурудани порчаҳои шеърӣ ҳаракат мекунам, — иброз дошт сокини маҳаллаи Фозил Йӯлдош Заҳриддин Суюнбоев. — Дертар аз устодон асрори ин санъатро омӯхтам ва бобати такмили маҳорати худ кор кардам. Бо садои дарунӣ суруданро омӯхтам. Дар чорабиниҳои гуногун фаъол иштирок мекунам. Дар озмуни имрӯза ҷойи аввалро ба даст овардам.
Нуробод
Фестивали ҷавонон дар ин ноҳия низ бошукӯҳ гузашт. Аз ҳозирҷавобии ҷавонони нурободӣ дар озмуни «Китобхони ҷавон», ки дар доираи фестивал гузаронида шуд, аён буд, ки писару духтарони ноҳия ба мутолиа шавқу рағбати зиёд доранд.
— То ҳол ду маҷмӯаи шеъриям — «Парасту» («Қалдирғоч») ва «Ниҳоли дил» (Кӯнгил ниҳоли») чоп гардид, — гуфт донишомӯзи синфи Х мактаб-­интернати ба санъат ихтисосонидашудаи Самарқанд Нигинабону Амирова. — Инчунин, дар алманахҳои байналмилалӣ низ шеъру мақолаҳоям чоп шудааст. Дар анҷумани байналмилалӣ, ки дар сатҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд, бо нишони сарисинагии «Таълим соҳасидаги хизматлари учун» сарфароз гардидам. Ҳоло барои мо ҷавонон имкониятҳои хуб фароҳам омадааст. Фестивали ҷавонон, ки имрӯз дар ноҳияи мо доир мегардад, бобати пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонони Нуробод, дарёфти истеъдодҳои нав соҳибаҳамият мебошад. Дар озмуни «Китобхони ҷавон» иштирок карда, шоҳиди кашфи эҷодкорони ҷавон гардидам.
Ургут
Фестивали ҷавонони ноҳияи Ургут низ бо марафони пиёдагардӣ оғоз гардида, бо баргузории шомҳои фарҳангиву маърифатӣ, озмуну мусобиқаҳо, вохӯриҳо, тадбирҳои тарғиботӣ дар қадамҷойҳои муқаддаси «Ғавсул Аъзам», «Чор чинор», гӯшаҳои сояву салқини канори кӯҳҳо идома ёфт.
Дар анҷоми фестивал барномаи консертӣ баргузор гардида, дар оғоз ба як гурӯҳ фаъолон мукофотҳо супорида шуд.
— Дар чор мавсими мусобиқаи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» дар самти атлетикаи сабук иштирок карда, дар вилоят ҷойи авалро ба даст овардем, — гуфт сардори ҷавонони маҳаллаи Ӯрамаси ноҳия Ҳаким Ҳайдаров. — Дастаи ҷавонони маҳаллаи мо дар зинаи ҷумҳурии мусобиқа 3 маротиба иштирок карда, соли 2023 дар мавсими дуввум ҷойи аввалро ба даст оварданд. Дар натиҷа дар ҳудуди маҳаллаи мо майдончаи универсалии варзиш бунёд гардид. Дар мавсими якуми имсола низ дар вилоят ҷойи аввалро ба даст овардем. Ният дорем, ки дар зинаи ҷумҳурӣ низ пирӯз гардем.