Ovozi.uz

Дастгирии зан-духтарон — гарави мустаҳкамии оила ва устувории ҷомеа

Имрӯзҳо зиёда аз нисфи 4 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолии вилояти Самарқандро зан-духтарон ташкил медиҳанд. Онҳо дар баробари тарбияи оила ва фарзандон, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд. Натиҷаҳои корҳое, ки дар мамлакатамон оид ба баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию сиёсии зан-духтарон, васеъ намудани имкониятҳои таълим гирифтани онҳо, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҳаёти занони Самарқанд низ таҷассум ёфтааст.

— Одам бо кори барқарор ё касбу ҳунари худ машғул гардида, даромади устувор, оилаи осуда дошта бошад, ба худ бовариаш меафзояд, эҳсоси мансубият ба ҷараёнҳои ҷомеа ва ислоҳоти густурда мекунад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд – сарвари Садорати кор бо оила ва зан-духтарон Зебо Саидова. — Имрӯз ҳамин ҷиҳатҳо меъёри асосии таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба зан-духтарони вилояти мо буда, тамоми мақсаду нақша ва барномаҳои мо дар ҳамин замина таҳия карда мешаванд. Масалан, дар асоси қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои дастгирии молиявии донишҷӯдухтарони оилаҳои камбизоат, ятим ё аз парастории падару модар маҳрум барои таҳсилоти олӣ» ҳар сол маблағи таҳсили 150 нафар донишҷӯдухтарон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ фаро гирифта мешавад. Инчунин, соли гузашта ба 2014 нафар зан-духтарони ниёзманди кӯмаки иҷтимоӣ ва онҳое, ки дар дафтари иҷтимоӣ сабти ном шудаанд, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ дар асоси грантҳои иловагии давлатӣ тавсиянома дода шуд. Ғайр аз ин, аз рӯи тартибе, ки мувофиқи он ба зан-духтароне, ки камаш панҷ сол аз рӯи мутахассисии худ таҷрибаи корӣ доранд, имтиёзи дохил шудан ба муассисаҳои таълими олии давлатиро медиҳад, 358 нафар зан-духтарони самарқандӣ тавсиянома гирифтанд. Инчунин ба заноне, ки дар мактабҳои олӣ ба таври пардохт-шартнома таҳсил мегиранд, барои пардохти ҳаққи шартнома қарзи бефоиз дода шуда, маблағи шартномавии заноне, ки дар магистратура таҳсил мекунанд, аз ҷониби давлат пардохта мешавад, ки ин низ имконияту имтиёзи бузург аст. Ба шарофати ин таваҷҷуҳ имрӯз ҳиссаи занон дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳо 50 дарсадро ташкил медиҳад.

Тибқи қарори Сарвари давлатамон аз 7‑уми марти соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии ташкил ва рушди соҳибкории зан-духтарон» дар вилоят барномаи чорабиниҳо оид ба дастгирии заноне, ки хоҳиши баланд бардоштани фаъолии бонувон, таъмини шуғли онҳо ва васеъ намудани навъи фаъолияти соҳибкорӣ дар самти дастгирии соҳибкории зан-духтаронро изҳор кардаанд, барномаи чораҳо таҳия карда шудааст. Тибқи маълумоти ҷонишини ҳокими вилоят, бар асоси ин барнома соли гузашта ба таъмин намудани шуғли 55 ҳазору 593 нафар зан-духтарон кумак расонида шудааст. Аз ҷумла, наздик ба 25 ҳазор нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, ба касбу кор ва малакаҳои соҳибкорӣ, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, омӯзонида шуданд. Дар доираи барномаи рушди соҳибкории оилавӣ ба 27 ҳазору 40 нафар бонувон ба миқдори 462,6 миллион сӯм маблағи кредит ҷудо карда шуд. Ба 3624 нафар заноне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, худро бо кор таъмин намуданро мехостанд, субсидия дода шуд. Дар давоми сол ҳудуди 34 ҳазору 300 нафар бонувонро аз муҳоҷират баргардонида, 8299 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

— «Дафтари занон» як системаи самарабахши ҳифзи иҷтимоии занон ва расонидани ёрии ҳамаҷониба ба бонувоне, ки дар вазъи вазнини зиндагӣ қарор доранд, табдил ёфтааст, — гуфт Зебо Саидова. — Ба ҳамаи 104 ҳазор нафар занони эҳтиёҷманд, ки соли гузашта ба қайд гирифта буданд, бо тартиби муқарраршуда кумак расонида шуд. Аз ҷумла, 38 ҳазору 758 нафар занони бекор, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доштанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз байни 2994 нафар бонувон ба 2540 нафарашон, ки хоҳиши соҳибкорӣ карданро доштанд, 29 миллиарду 334 миллион сӯм, ба 83 нафари онҳо барои такмил додани фаъолияти истеҳсолот 1 миллиарду 95 миллион сӯм, ба 46 нафарашон барои истеҳсоли маҳсулоти нонпазӣ 559 миллион сӯм, ба 325 нафар зан-духтарон бошад, барои дигар соҳаҳо ба маблағи 4 миллиарду 192 миллион сӯм кредитҳо ҷудо гардид. Ғайр аз ин, ба занони бепарастормонда кӯмаки моддӣ расонида, ба онҳо барои таъмири хонаҳояшон кӯмак дода шуд. Ба зиёда аз 22 ҳазор нафар занони ногироидоштаи гурӯҳҳои I ва II дар баробари нафақа ва ёрдампулӣ ба маблағи бештар аз 8,8 миллиард сӯм ёрии иловагии моддӣ доданд. Ба 89 нафар занони ниёзманд хонаву ҷой тақдим гардид. Ба 198 нафар заноне, ки бо деҳқонӣ зиндагии худро беҳтар сохтан мехостанд, дар асоси иҷораи дарозмуддат қитъаи замин ҷудо карда шуд. Корҳои мо дар ин самт имсол низ пайваста идома ёфта, танҳо дар доираи «Дафтари занон» ба 105 ҳазор зан кумак расонидан дар назар аст. Дар моҳҳои аввали соли равон аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар маҳаллаҳо рӯйхатҳо тартиб дода, барои ба тарафи мусбат тағйир додани ҳаёти ҳар як зане, ки ба дафтар ворид карда шудаанд, барномаи индивидуалӣ тартиб дода шуд.

З.Саидова таъкид намуд, ки соли равон фаъолияти «Макони оила ва зан-духтарон» ба роҳ монда мешавад, ки барои кор бо оилаҳои ҷанҷолии вилоят, ҷуфти ҷавонро пеш аз никоҳ дар асоси методологияи нав ба ҳаёт омода намудан хидматрасонии комплексӣ мерасонад. «Лоиҳаи тадқиқотии инноватсионии барномаи рушди падару модарии масъулиятнок дар оилаҳои ҷавон» амалӣ гардида, таҷрибае, ки дар назардошти ба инобат гирифтани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии оила дар қабули қарори мустақилона ва бошуурона оид ба таваллуди фарзанд нигаронида шудааст, амалиёт ҷорӣ карда мешавад.

Ғ.ҲАСАНОВ