Президент Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки дар ҷомеа низом ва фазои кушод ба вуҷуд омадааст, ки муаммоҳои коррупсияро ба баҳси умум меоранд, бахусус нақш ва нуфузи воситаҳои ахбори омма дар ин замина меафзояд.
Пештар ин мавзӯъ барои рӯзноманигорон тамоман пӯшида буд. Вазъияти имрӯза ба сӯи ошкорбаёнӣ ва шаффофӣ комилан тағйир ёфтааст.
Мавқеи кишвари мо дар рейтингҳои байналмилалӣ оид ба ошкорбаёнӣ 138 зина боло рафта, дар Осиёи Марказӣ ба ҷои аввал ва дар ҷаҳон ба ҷои 30-юм баромад.
«Такрор ва такрор мегӯям: мо барои татбиқ намудани сиёсати ошкорбаёнӣ ва озодии сухан ҳамеша устувор мемонем!» — гуфт Президентамон.
