Ovozi.uz

Ширкати Шветсария мехоҳад дар Нуробод корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ бунёд кунад

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо роҳбари ширкати истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии Швейтсария мулоқот намуд.

Зимни суҳбат роҳбари ширкати Швейтсария дар бораи фаъолияти истеҳсолии он маълумот дод. Мувофиқи маълумоти ӯ, барои соҳаҳои гуногуни саноат маҳсулоти хушсифати кимиёвӣ истеҳсол карда мешаванд.

Воситаҳои шустушӯй ва дезинфексиякунонии истеҳсолкардаи ширкатро аз Эрон, Хитой, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Афғонистон харидори мекунанд.

Сарвари корхона Вафо Салиев ба роҳбари вилоят иттилоъ дод, ки ният дорад лоиҳаҳои ояндадорашро дар Ӯзбекистон, хусусан дар Самарқанд идома дода, дар ноҳияи Нуробод корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ бунёд кунад.

Дар марҳилаи аввал сад ҷои корӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва корхона онҳоро дар курсҳои шашмоҳаи омӯзиши кор дар соҳаи кимиё омода мекунад. Танҳо пас аз ин онҳо дар корхона фаъолияти кории худро оғоз мекунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев лоиҳаи сармоягузорро баррасӣ намуда, таъкид намуд, ки ба ӯ дар доираи қонун кӯмак хоҳад кард.