Рӯзи 20‑уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилоят сессияи ғайринавбатии яксаду сеюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С.Усмонов сарварӣ кард.
Дар сессия намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.
Сипас баррасии қарорҳои ҳокими вилоят аз 30‑юми августи соли 2024 «Дар бораи аз вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои сохтмони асосӣ, коммуникатсияҳо, хоҷагии коммуналӣ, экология ва сабзазоркунӣ озод кардани Шукуров Акмал Ғайратович» таҳти рақами 251–7–0-Қ/24 ва «Дар бораи ҷонишини ҳокими вилоят оиди масъалаҳои сохтмон, бунёди муҳити бемонеа, коммуникатсияҳо, хоҷагии коммуналӣ, экология ва сабзазоркунӣ таъин намудани Шукуров Акмал Ғайратович» таҳти рақами 252–7–0-Қ/24 мавриди муҳокима қарор ёфт.
Баъди шарҳи С.Усмонов роҷеъ ба қарорҳои мазкур намояндагони халқ ҳар ду қарорро тасдиқ карданд.
Инчунин дар сессия масъалаҳое аз қабили тасдиқ намудани қарорҳои ҳокими вилоят аз 16‑уми августи соли 2024 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят» таҳти рақами 240–7–0-Қ/24, аз 27‑уми августи соли 2024 таҳти рақами 247–7–0-Қ/24, аз 30‑юми августи соли 2024 таҳти рақами 250–7–0-Қ/24 баррасӣ гардида, онҳо тасдиқ карда шуданд.
Намояндагони халқ пешниҳоди ба Бунёди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии тобеи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид кардани Бунёди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқандро низ муҳокима намуданд.
Сессия бо мақсади ташкил намудани сохтори дастгирии барнома ва лоиҳаҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мавзеъҳо нигаронда шудаанд, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин таъмини иҷрои моддаи 36‑уми Қонун «Дар бораи бунёдҳои ҷамоавӣ ва фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26‑уми августи соли 2024 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори аз тарафи давлат дастгирӣ намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» таҳти рақами ФП‑124 пешниҳоди мазкурро пазируфт.
Дар сессия инчунин қарори ҳокими вилоят аз 6‑уми сентябри соли 2024 «Дар бораи тасдиқ кардани сохтори нави ташкилии аппарати идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд» таҳти рақами 255–7–0-Қ/24 ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардида, роҷеъ ба онҳо қарорҳо қабул карда шуданд.
Дараҷаи нави институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
