Ovozi.uz

Ифтитоҳи объектҳои нав дар Иштихон

Рӯзи 18‑уми сентябр дар ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ барои истифода супурда шуданд.
Дар чорабиниҳои ба ин муносибат баргузоргардида, ҳокими вилоят ва роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳо, фаъолон, вакилони ҷамоатии ноҳия ширкат варзиданд.
Аввал толори варзиши умумии навбунёди мактаби спорти ноҳия ба истифода дода шуд. Дар ин иншоот, ки арзиши лоиҳааш 5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, барои бозиҳои варзиши мини-футбол, гандбол, баскетболу волейбол ва ғайра шароитҳои хуб мавҷуд аст.
— Варзишгарони ноҳияи Иштихон на танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ҳам натиҷаҳои баландро ба даст меоваранд, — гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов. —Масалан, Нигина Ӯктамова, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси занонаи кишвари мо, иштирокчии Олимпиадаи «Париж‑2024» низ фарзанди ҳамин ҷо мебошад. Дар ҳайати ҷамоаи яккачини ҷумҳурӣ даҳҳо нафар варзишгарони ҳаваскори иштихонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи Ватанамонро ҳимоя мекунанд. Ин иншоот дар Иштихон ба шарофати пирӯзии чунин варзишгарони қаҳрамон сохта шудааст ва боварӣ дорем, ки аз ин ҷо боз чемпионҳои зиёд ба камол мерасанд.
Лентаи рамзии бинои навро низ чемпионҳои Иштихон буриданд.


То ҳол шӯъбаи мудофиаи ноҳия дар бинои кӯҳна кор мекард. Ҳоло барои шӯъба бинои нав сохта, коргарону хизматчиён бо шароити зарурӣ таъмин гардидаанд.
Дар назди бино поликлиника ташкил карда мешавад, ки ин барои аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд, имконияти хуб медиҳад.
Пас аз ин, лоиҳаи нави корхонаи «Ishtihan yimin import export group», ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони чинӣ таъсис ёфтааст, ҷиҳати нигаҳдорӣ, коркард ва содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ роҳандозӣ шуд. Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, соле 2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ коркард ва 50 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Дар биноҳои нави шӯъбаи осоиштагии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатии ноҳия, шӯъбаи реабилитатсияи тиббии шахсони ногироидоштаи иттиҳодияи тиббии ноҳия, ки дар ҳамон рӯз ба истифода супурда шуданд, барои кормандон ва муроҷиаткунандагон имконияту шароитҳоро дар худ фароҳам овардааст. Биноҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд.