Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ниҳолҳо шинонда мешаванд. Дар асл ин одат дирӯз пайдо нашудааст, балки анъанае мебошад, ки аз додову бобоҳоямон то ба мо мерос мондааст.
Дар вилоятамон дар мавсими баҳори имсола шинондани 10 миллиону 208 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст. То санаи 18‑уми март 1 миллиону 314 ҳазор бех (13 фоиз) ниҳолу бутта шинонда, ба платформаи электронӣ дохил карда шуд. То охири соли ҷорӣ дар 28,4 гектар замини 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят «Боғҳои сабз» бунёд карда мешаванд. Барои ин, заминҳо интихоб ва қарорҳои Шӯроҳои маҳаллӣ қабул гардидаанд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби ҳокимиятҳои 16 шаҳру ноҳия 34 «Боғи ҳокимият» бунёд хоҳанд шуд. Барои ин аз ҷониби ҳамаи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 10,56 гектар замин ҷудо гардидааст.
То имрӯз дар 0,5 гектар замин ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам 450 бех ва ноҳияи Нарпай 350 бех ниҳол шинонда, «Боғҳои ҳокимият» ташкил намуданд.
Аз ноҳияи Самарқанд 6 гектар, аз ноҳияи Тайлоқ 0,5 гектар, аз шаҳри Каттақӯрғон 0,5 гектар, аз шаҳри Самарқанд 1 гектар замин интихоб ва қарорҳои Шӯроҳои маҳаллӣ оиди бунёди «Камарбанди сабз» қабул гардиданд.
Дар вилоят то охири соли ҷорӣ дар 64,15 гектар замин «Паркҳои ҷамоатии сабз» барпо мегарданд. Оиди ин қарори ҳокими вилоят ва қарорҳои сессияи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қабул ва ба вазорат тақдим карда шудааст.
58 корхонаи саноатӣ 75 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонда, «Камарбандҳои сабз» ташкил мекунанд. То имрӯз корхонаҳои саноатӣ 15 ҳазору 420 бех ниҳолҳои дарахту бутта шинондаанд.
Шералӣ ИСКАНДАРОВ.
