Ovozi.uz

Соҳаи боғдорӣ ривоҷ меёбад

Дар ноҳияи Ҷомбой корхонаҳои истеҳсоли ба меваю сабзавот ихтисосонида бисёранд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Maroqand meva-sabzavot» калонтарини онҳо ба ҳисоб меравад.
Солҳои 2008–2009 бо ташаббуси Маркази илмии «Пахтасаноат» ғояи дар 22 гектар замин барпо кардани боғи интенсивӣ (себзор) ба миён гузошта шуд. Дар солҳои гузашта соҳа хеле ривоҷ ёфта, ба сохтори муҳими иқтисодиёти мамлакат табдил гардид. Соли 2013 дар деҳаи Хитойбола ҶММ «Maroqand meva-sabzavot» ташкил шуд.
— Мо нахуст дар шакли хоҷагии фермерӣ кор оғоз карда будем, — гуфт роҳбари ҷамъият Меҳроҷ Файзилов. — Имрӯзҳо дар беш аз 2000 гектар майдон қариб 10 навъи меваю сабзавот расонда мешаванд. Ғайр аз ин, филиалҳои мо дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах, ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Қибрайи вилояти Тошканд амал мекунанд. Маҷмӯи боғдории мо, ки қисми муҳими таркибии агрокластери «Agromir» мебошад, 350 нафар коргар ба таври доимӣ ва 4,5 ҳазор нафар коргарҳои мавсими меҳнат мекунанд. Дар хидмати онҳо 3 ошхонаи калон мебошад. Хидмати нақлиёт ба роҳ монда шудааст.
Дар чорчӯбаи иҷрои Фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳои роҳандозии ҳамкории байниҳами манфиатноки дутарафа бо субъектони тадбиркорӣ барои ихтисори камбизоатӣ» лоиҳаи «20 ҳазор тадбиркор — 500 ҳазор мутахассиси пуртаҷриба» амалӣ карда мешавад. Бар асоси он аҳолӣ дар маркази таҳсилии назди ҷамъият аз рӯи ихтисосҳои гуногун мехонанд. Ба шунавандагон мутахассисони Франсия, Туркия ва Молдова аз рӯйи соҳаҳои боғдорӣ, агрономӣ ва обёрӣ сабақ медиҳанд.
Инчунин, фермери амрикоӣ бо иштироки соҳибони замини наздиҳавлигӣ, вакилони доираи корчаллонон семинарҳои амалӣ гузаронд. Чунончи, дар соли 2023 мутахассиси соҳа Ҷек Батлер дар мавзӯи «Мавқеи сохтори обёрӣ дар расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва меваю сабзавот» семинари хонишӣ ташкил кард. Маркетологи байналхалқӣ Мерседас Дайан Гриффан аз рӯйи ба тарзи онлайн хариду фурӯш кардани маҳсулот, бунёди бренд тавсияҳои худро медиҳад.
Боз як ҷиҳати эътирофшуда, дар фаъолияти ҶММ «Maroqand meva-sabzavot» ҳиссаи импорт мавҷуд нест. Яъне, устунҳои бетонӣ, симтӯр ва қубури полиэтилени дар обёрии сунъӣ корбаранда ва ҷиҳозоти махсуси пластикӣ дар мамлакатамон, дар сехҳои кластер истеҳсол карда мешаванд. Инҷо оиди ҳудуди хурди саноатии маҳаллаи Деҳқонободи ноҳия алоҳида сухан гуфтан бамаврид аст. Сохтори истеҳсоли ҷиҳози асосӣ дар ҳамин манзил ҷой гирифтааст. Маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолкардаро дар тамоми боғҳои интенсивии мамлакат истифода мебаранд. Ин гуна маҳсулотро то солҳои наздик аз хориҷа меоварданд. Меваҳои ин боғҳоро ба Қазоқистон, Россия, Украина, Туркия, Беларус ва Гурҷистон содирот мекунанд.
Ҳаҷми солонаи расондани меваю сабзавот зиёда аз 40 ҳазор тонна мебошад. Инчунин, ҳар сол ба миқдори 5 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад. Дар соли 2023 наздик ба 10 миллион доллар маҳсулот экспорт шуд. Сохтори мазкур ба эътирофи ҷамоатчигии байналхалқӣ ҳам сазовор гардидааст. Ба қарибӣ сертификати махсуси барномаи кафолати хоҷагии байналхалқии фермерии «Globalg.ap»-ро ба даст овард. Бо барномаи рушди «USAID» ҳамкорӣ мекунад. Дар натиҷа, агрономҳои корхона ва мутахассисони соҳаи маркетинг имкон пайдо карданд, ки бо ҳамкасбони амрикоӣ таҷриба иваз намоянд. Бо олимони Франсия, Туркия, Молдова, Қазоқистон алоқаи доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар аввали соли равон дар шаҳри Варшаваи Полша лоиҳаи «Ривоҷи нарх дар хоҷагии қишлоқ» ташкил шуд. Дар он, тақдимоти таҷрибаи ҶММ «Maroqand meva-sabzavot» баргузор гардида, онҷо бо муваффақиятҳои боғбонони ӯзбекистонӣ шинос шуданд.
Дар мамлакатамон ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи таъмини бехатарии хӯрокворӣ эътибори ҷудогона дода мешавад. Бо зиёдшавии аҳолии кишвар масъалаи таъминот бо меваю сабзавот пурдолузарб мегардад. Дар ноҳияи Ҷомбой ташкил гардидани донишкадаи агробиотехнологияҳо ва бехавфии хӯрокворӣ дар ин самт қадами калон шуд.
Ба қарибӣ кишварамон ба семинари минтақавии амалигардонии лоиҳаҳои дар ҳар мамлакати Аврупо ва Осиёи Марказӣ мизбонӣ кард. Дар доираи чорабинӣ вакилони ташкилоти умумиҷаҳонии хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи Созмони Милали Муттаҳид ба ноҳия низ омаданд. Вакилони Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Сербия, Албания ва Хитой ба фаъолияти боғдорӣ баҳои баланд доданд.

Дилмурод МАҲРАМОВ.