Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва айёми кишту кор ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тарзи зиндагӣ, истифодаи босамари заминҳои корам шинос мешавад.
Ташрифи навбатии ҳокими вилоят ба маҳаллаи Бешболаи ноҳияи Ҷомбой шуд. Эркинҷон Турдимов бо мардуми маҳалла сӯҳбат ороста, ба муаммову камбудӣ ва муроҷиатҳои онҳо гӯш андохт.
— Мо аз ташрифи ҳокими вилоят хеле шод гаштем. Зеро, дар маҳаллаи мо муаммоҳо хеле зиёд буда, солҳои дароз аст, ки ҳаллашонро меҷӯем, — гуфт раиси маҳалла Наримон Хӯҷамқулов. — Ҳокими вилоят ба хонадонҳо даромада, тарзи зиндагӣ ва шароитҳо, аҳволи имрӯзаи кӯчаву роҳравҳоямонро дида, ваъда доданд, ки муаммоҳо ҳал ва роҳҳо мумфарш карда мешаванд. Инчунин, аз рӯи иваз намудани симчӯбҳои солҳои 68–69 шинонда шуда ба мутасаддиён супориш доданд.
Ҳангоми вохӯрӣ ёдрас гардид, ки дар 1325 хонадони маҳаллаи Бешбола қариб 6 ҳазору 600 нафар аҳолӣ истиқомат намуда, роҳҳои ноҳамвор ва симчӯбҳои кӯҳна яке аз муаммоҳои ҳалталаби аҳолӣ ба шумор меравад.
Фаъолияти сектори чорум ғайриқаноатбахш дониста шуд
Ҳокими вилоят бо мақсади ҳалли инмуаммоҳо рӯзи дигар дар маҳалла роҳбарони ташкилоту корхонаҳои вилоятиву ноҳияро ҷамъ кард. Кори сектори чорум, ки ба маҳаллаи номбурда масъул аст, аз ҷониби хокими вилоят ғайриқаноатбахш шуморида шуд. Таъкид гардид, ки дар давоми даҳ рӯз 4,5 километр роҳ мумфарш карда шуда, ба роҳҳои боқимонда сангмайда ҳамвор мешавад, қариб 150 симчӯбҳои барқӣ иваз карда мешаванд. Инчунин, антенаи яке аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ насб гардида, ба аҳолӣ дар доираи аксия гузаронидани шабакаи интернет дар назар аст.
«Як маҳалла — як маҳсулот»
Ба мардуми маҳалла тавсия гардид, ки аз замин дар асоси тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» истифода баранд. Сокинони маҳалла дар заминҳои корам як намуди маҳсулотро кишт намуда, аз ҳамин ҷо фурӯхтанашон мумкин аст, таъкид кард Эркинҷон Турдимов.
Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ аз рӯи ба тартиб андохтани ҷӯйҳои обёрӣ, гузоштани гидропостҳо, аз нав сохтани мактаби рақами 50 ба масъулон супоришҳо дода шуданд. Ҳамзамон маълум гардид, ки барои онҳое, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз кунанд, кредит ҷудо карда мешавад.
Инчунин, гуфта шуд. ки барои сокинони маҳалла ёрии бепули тиббӣ ташкил карда шуда, ба яке аз пиронсолон барои табобати ройгон ба беморхонаҳои вилоятӣ роҳхат дода мешавад.
Муаммоҳои мардуми ноҳияи Булунғур омӯхта шуд
Ҳокими вилоят аз як қатор маҳаллаҳои ноҳияи Булунғур дидан карда, бо вазъи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинон, кандани заҳбурҳо ва ободонии маҳалҳо шинос шуд.
Дар маҳаллаҳои Амир Темур, Истиқлол, Мингчинор, Гулзор, Бешқувӣ, Кичик Килдон, Сарқипчоқ, Авлиё Парпӣ, Хоҷамазгил, Ниёзмат, Чангал‑1, Булунғур ариқ ва Фозил Юлдош ҳангоми сӯҳбат пешниҳоду ташаббусҳои сокинони онҳоро шунида, аз рӯи истифодаи босамари замин тавсияҳо дод.
Инчунин, ҳокими вилоят бо тарзи зиндагии шаҳрвандони маҳаллаи Олмазор шинос шуда, корҳои бунёдкорӣ дар массиви Ӯзбекистони навро аз назар гузаронид. Масъалаҳои сохтмони объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва коммуналӣ, инчунин роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима гардиданд.
Тарзи зиндагии сокинони Бешбола беҳтар мегардад
