Ovozi.uz

БОЗИЕ, КИ ҶАВОНОНРО БА ГИРДОБИ ХУД МЕКАШАД

Чандест, ки олам шуда машғули «Hamster»,
Афканда сари панҷа ба панҷули «Hamster».
Аз бонги азон то сари шаб нашъаву лул аст,
Ҳар кас, ки лабе зад ба лаби лули «Hamster».
Аз хурду калон, пиру ҷавон хона хариданд,
Дар олами рӯъё ҳама бо пули «Hamster»…
Алқисса, ки бояд бинишинему бубинем,
То чист дар ин бозиву бомбули «Hamster».

Ин шеър, ки сухан дар бораи яке аз муаммоҳои ҷомеаи имрӯза меравад, ба қалами Расул Саноӣ, шоири муосири Эронӣ мансуб аст. Албатта пас аз хондани ин сатрҳо беихтиёр чунин савол ба сар мезанад: «Hamster» чист?
Ин як намуди бозии мобилӣ аст, ки номи пурраи он «Hamster Kombat» мебошад. Дар «Hamster» бозигар бо роҳи пахш кардани экрани телефон тангаҳо ҷамъ карда, баъд онҳоро ба фурӯш мегузорад.
Воқеан, ҳоло бозии мазкур дар байни мардум ҳамчун вабо паҳн гардида, ба маъное ба пиру ҷавон «сироят» кардааст. Чун рӯзҳои охир аксари мардумро мебинем, ки дар истгоҳу хиёбон, кофеву ресторан, ҳангоми роҳгардӣ ва ҳатто дар давоми дарс ё кор бо пахш кардани экрани гӯшии худ машғуланд. Аз мушоҳидаи ин манзара кас ба тааҷҷуб меафтад. Зеро, дар як дидан ин кор аҳмақона ба назар мерасад ва чанд саволе чун «Ин чӣ гуна бозист?», «Оё танҳо бо пахш кардани экрани телефон пул ба даст овардан имконпазир аст?», «Дар қонунгузорӣ ба чунин бозиҳо чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст?» ба миён меояд.
Бояд гуфт, ки бозии мазкур ба криптовалюта, яъне ба пули рақамӣ асоснок карда шудааст. Пули рақамӣ худ чист? Ин навъи пулест, ки худ вуҷуд надорад, яъне онро ба даст гирифта намешавад, аммо дар рақамҳо мавҷуд аст. Ин навъи пулро соли 1983 криптографи амрикоӣ Дэвид Чаум бо номи «ecash» ихтироъ кард. «Bitcoin» аввалин бозӣ бо пули рақамӣ мебошад, ки асосгузори он ашхоси номаълум бо номи Сатошӣ Накамото мебошад.
Мувофиқи тартиби бозӣ муштариён тангаҳои тиллоии электрониро ҷамъ карда, ба «биржа», яъне ташкилоти махсус барои хариду фурӯши молу маҳсулот, асъор, қувваи корӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра мегузоранд ва мефурӯшанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад: дар ҳоле, ки корбарон чунин осон, пули бе дарди миён меёбанд, ихтироъкорон чӣ хел фоида мебинанд?
Ҷиҳати нозуки масъала ҳам дар ҳамин аст. Яъне, ихтирогар дар аввали кор нисфи тангаҳоро ба худ мегузорад ва қисми боқимондаро ба корбарон пешкаш мекунад. Сипас, нархи тангаҳоро дар биржа ба таври сунъӣ бардошта, тангаҳои худро чанд баробар қимат мефурӯшад ва миллиардҳо фоида мебинад.
Шояд дигар корбарон ҳам аз ин фоидае бинанд, аммо бо эҳтимоли зиёд зарари бештари моддиву маънавӣ хоҳанд дид. Ғайр аз ин, дар қонунгузорӣ низ хариду фурӯши ғайриқонунии криптодороиҳо манъ карда шудааст.
Аз ҷумла, дар моддаи 1544‑уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ оварда шудааст, ки «бидуни гирифтани иҷозатнома тибқи тартиби муқаррарӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардан, интиқол додан ё иваз кардани крипто-­дороиҳо» боиси ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати то понздаҳ шабонарӯз ё ситонидани ҷарима ба миқдори аз бист то сӣ баробари миқдори ҳисоби базавӣ (МҲБ) мегардад.
Агар шахсони мансабдор бошад, барои амалӣ кардани муомилот бо крипто-­дороиҳо ба андозаи аз сӣ то чиҳил баробари МҲБ ҷарима ситонида мешавад.
Бояд гуфт, ки то ҳол нашунидаам ва ё аз ягон манбаъ нахондаам, ки корбарони ин бозиро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки ҳанӯз «Hamster Kombat» барои фурӯш ба биржа бароварда нашудааст ва крипто-­дороӣ ҳисобида намешавад. Аммо агар он ба биржа барояду корбарон «ҳосил»-и меҳнати чандмоҳаи худро фурӯшанд, аҷаб нест, теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лек дар ин маврид масъалаи дигаре касро ба андеша водор месозад, ки агар крипто-­дороиҳо умуман ба савдо гузошта нашаванд чӣ? Ё бо ягон сабаби техникӣ «Hamster» аз байн равад, корбарони бозӣ чӣ хоҳанд кард? Ҷавоб аниқ: меҳнат, вақт ва нури чашмоне, ки сарфи бозӣ шуд, бар боди фано меравад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки қисми зиёди корбарони бозии мазкур ҷавонон ҳастанд. Яъне, «Hamster» бештар вақти ҷавононро медуздад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин маврид фикр кунем ва ҷавонони худро ҳар чӣ зудтар аз роҳе, ки ояндааш мавҳум аст, бозгардонем.

Зикрулло АБДУЛЛОЕВ.