Дар Самарқанд зинаи якуми барномаи махсуси «Кадрҳои умедбахш», ки бори аввал аз ҷониби Агентии кор бо ҷавонон бо мақсади дастгирии занони то 35-сола ва такмили донишу малакаҳои амалӣ, инчунин омода намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз гардид.
Ҳоло ҷараёни мусоҳиба бо иштироки намояндагони Агентии кор бо ҷавонон ва ташкилотҳои шарикӣ амалӣ мегардад.
Ғолибоне, ки нақшаи рушди шахсии дар боло зикршударо иҷро намуда, барномаи махсуси омӯзиширо бомуваффақият хатм намуда, таҷрибаомӯзии дохилию хориҷиро анҷом додаанд, ба захираи миллии кадрҳо дохил карда мешаванд.
