Ovozi.uz

Ҷавонтарин донишгоҳи Самарқанд дар миқёси ҷаҳонӣ салоҳияти худро нишон дода тавонист

Донишгоҳи технологияи байналхалқии Самарқанд, ки 2 сол қабл ташкил ёфта буд, аз зумраи донишгоҳҳои камшумори ҷумҳурии ба шумор меравад, ки тавонистаанд дар миқёси ҷаҳонӣ дар самти илму дониш ва таълим иқтидору салоҳияти худро нишон диҳанд. Ин беҳуда нест, албатта. Дар ин муассисаи таълими олӣ аз 16 кишвари ҷаҳон зиёда аз 30 нафар профессорони номӣ ҷамъ омадаанд.

Масалан, соли гузашта профессор Муҳаммад Каабар, бино ба маълумотҳои донишгоҳи Стэнфорди ИМА, ба қатори олимони 2 фоизи беҳтарини ҷаҳон шомил шуд. Сабақи ин гуна олимони барҷастаро гирифтани донишҷӯён, бешубҳа онҳоро дар ояндаи наздик ба сӯи кашфиётҳои илмӣ мекашонад.

Мувофиқи маълумоти базаи маълумотҳои миллии тадқиқотҳои илмии муассисаҳои таълимии олии Ӯзбекистон — “Scienceweb”, ҷои дуюмро соҳиб шуд. Шартҳои озмун аз рӯи теъдоди иқтибосҳои мақолаҳои профессор-устодон, ки аз ҷониби базаҳои маълумотии байналхалқии “h-index” ва “Scopus”, “Web of Science” ва “Google Scholar” индекс кунонида шуда, дар журналҳои байналхалқӣ чоп гардидаанд, ба тартиб дароварда шудаанд.

Ин чиро мефаҳмонад? Корҳои илмии олимон дар асоси пажӯҳишҳои илмии васеъмиқёс навишта шуда, дар онҳо бояд навгонӣ бошад. Сипас, олимони ҳамон соҳа аз ин гуна корҳо иқтибосҳо меоранд ва ба онҳо ҳавола медиҳанд. Яъне ин ҳамонро мефаҳмонад, ки кори олимро дигар ҳамкасбонаш тан гирифтаанд ва дар асоси кори ӯ онҳо ҳам ба кашфиётҳои илмӣ кӯшиш мекунанд.

Мутаассифона сару садоҳое бисёр ба гӯш мерасад, ки дар мо на танҳо дар корҳои курсӣ ва рисолаи хатмии донишҷӯён, балки дар баъзе корҳои илмиву диссертатсияҳо ҳам кӯчонидан, яъне плагиат бештар мушоҳида мегардад. Вақте худам ба интернет «кӯчонидан» гуфта навиштаму тугмаи ҷустуҷӯро пахш кардам, зиёда аз ҳазор натиҷа пайдо шуд.

Аслан дар мамлакати мо бар зидди плагиат чораҳо андешида шудааст. Мувофиқи қоида, корҳои илмӣ ба воситаи антиплагиат аз имтиҳон гузаронида мешаванд. Бино ба бандҳи 50-и боби 9-и низоми «Дар бораи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ», ки бо қарори Раёсати коммисияи аттестатсияи олӣ тасдиқ шудааст, «Дар ҳоли муайян гардидани кӯчонидан, тақдими ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, нохолисии экспертизаи диссертатсия, дар асоси хулосаи шӯрои илмӣ ва қарори шӯрои экспертҳо, шахсони соҳиби дараҷаи илмӣ аз ҷониби Раёсати коммисияи аттестатсияи олӣ метавонанд аз дараҷаи илмӣ маҳрум карда шаванд».

Профессорони Донишгоҳи технологияҳои байналхақии Самарқанд бошанд, навгонӣ офарида, ба донишҷӯён дар асоси бурдбориҳои охирини илму фан таълим медиҳанд. Даргоҳи таълими олии наву ҷавон бесабаб дар ҷумҳурӣ ба ҷои дуюм муносиб дониста нашудааст.

Вақте ба рӯйхат менигаред, мебинед, ки донишгоҳҳои «куҳансол»-и кишварамон дар поён монда рафтаанд. Масалан, ба мавқеи муассисаҳои таълимии Самарқанд назар афканем. ДДС дар ҷои 18, Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд дар ҷои 67, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷаи Самарқанд дар ҷои 82 ва Донишгоҳи давлатии тибби Самарқанд дар ҷои 85 қарор гирифтаанд.

Боварӣ дорем, ки Донишгоҳи технологияҳои байналхақии Самарқанд ба туфайли олимони соҳибиқтидори худ марраҳои аз ин ҳам баландро соҳиб мешавад.

Тошпӯлат Раҳматуллоев