Ovozi.uz

РИЁЗИДОНИ МАЪРУФИ МАКТАБИ ИЛМИИ САМАРҚАНД

Дар охири асри XIV милодӣ, яъне дар солҳои кӯдакӣ ва наврасии Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ зодгоҳи вай шаҳри Кошон таҳти ҳукмронии Амир Темур ва баъдан писараш Шоҳрух буд. Амир Темур мекӯшид то шаҳрҳои Осиёи Миёна, махсусан маркази қудрати худ Самарқандро обод кунад. Бо ин сиёсат бисёре аз ҳунармандон ва донишмандони Байнаннаҳрайн, Осиёи сағир, Сурия, Эрон ва Ҳиндустонро ба Мовароуннаҳр мебурд. Ҳамин тавр, иддаи зиёде аз донишмандон ва санъатгаронро дар пойтахти худ — Самарқанд гирд овард. Чунин буд, ки дар давраи ӯ Самарқанд равнақи бисёр ёфт.
Пас аз Темур, писараш Шоҳрух идораи Самарқанд ва тамоми Мовароуннаҳрро ба писари худ Улуғбек супурд ва худ дар Ҳирот ҳукумат мекард. Азбаски Улуғбек, ки зери парасториву тарбияти бибияш Сарой Хотун — ҳамсари Темур ва хидматгорони донишманди дарбор тарбият ёфта буд, чиҳил сол бар сарзамине васеъ фармонфармоӣ дошт. Модараш Гавҳаршод ба сохтани биноҳои бошукӯҳ шавқу ҳавас дошт ва бо ҳамроҳии шавҳари худ Шоҳрух чандин мадраса ва масҷидҳоро обод кард, ки масҷиди маъруфи Гавҳаршоди Машҳад аз ҷумлаи сохтаи онҳо буд. Бародари Улуғбек, Бойсунқур дар китобдӯстӣ ва ташвиқу ҳимояти аҳли илму ҳунар шӯҳрате фавқуллода ёфт. Дар чунин муҳити хонаводагии мусоиде, Улуғбек низ бо шавқ ба ободонӣ ва тарвиҷи илму таҳқиқ парварда шуд. Ӯ ҳам ба монанди бобояш Амири Темур сиёсати тақвият ва такомули Самарқандро пеш гирифт. Маҳз бо дастгириву сарпарастии молии ӯ дар Самарқанд мактаби илмие бунёд карда шуд, ки дар таърихи илм бо номҳои «Мактаби илмии Самарқанд» ва ё «Мактаби илмии Улуғбек» сабт шудааст.
Дар «Мактаби илмии Самарқанд» донишмандони зиёде аз Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳатто Руму Ҳинд фаъолият мекарданд, ки маъруфтарини онҳо Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ, Алӣ Қушчии Самарқандӣ ва дигарон буданд.
Улуғбек пас аз сохтани мадрасаи Самарқанд яке аз донишмандони барҷаста ба номи Муҳаммад Хофиро мударриси он мадраса таъин кард.
Бино бар маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ муаллифи «Тазкират-уш-шуаро», Улуғбек дар Бухоро ва Ғиждувон (наздики Бухоро бар сари роҳи Самарқанд, ки оромгоҳи яке аз бузургони тариқати нақшбандия Абдулхолиқи Ғиждувонӣ дар он ҷост) низ мадраса сохтааст.
Улуғбек барои тарроҳӣ ва сохти расадхона ва баҳрабардорӣ аз он гурӯҳе аз донишмандони машҳур, аз ҷумла, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Салоҳиддин Мӯсо ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Қозизодаи Румӣ (1360–1437), Алоуддини Алӣ ибни Муҳаммади Қушчӣ (ваф. 1474), Муиниддин Кошонӣ ва дигаронро ба Самарқанд даъват кард.
Эҳтимолан сабаби даъвати Кошонӣ ба Самарқанд ин буда, ки вай қаблан зиҷеро, ки дар Кошон тадвин карда буд ба номи Шоҳрухи Темурӣ (падари Улуғбек) мулаққаб ба Ҳоқон, ки ҳокими Ҳирот буд, зиҷи Ҳоқонӣ хонданд ва онро ба Мирзо Улуғбек амири Самарқанд тақдим карда буд.
Кошонӣ пас аз рафтан ба Самарқанд дар эҷоди расадхона ва тадвини зиҷ нақши муносиб дошт.
Бинои расадхонаи Самарқанд дар соли 825 ҳ. (ё 827 ҳ.) ба поён расид. Кошонӣ аз 5 то 7 сол пас аз шурӯъи кори расад, яъне то замони маргаш дар соли 832 ҳ. дар он ширкат дошт. Зиҷи Улуғбек 9 сол пас аз марги Кошонӣ, яъне дар соли 841 ҳ. омода шуд. Улуғбек дар муқаддимаи ин зиҷ аз ҳамкорон ва дастёрони хеш ёд карда ва бо ситоиш ва эҳтиром аз Кошонӣ ном бурдааст.
Ойдин Соййилӣ дар китоби «Расадхона дар ислом»-и худ мегӯяд, ки расадхонаи Самарқанд дар нахустин расадхонаҳои Аврупо таъсир доштааст.


Аз корҳои муҳимми Кошонӣ ихтирои касрҳои даҳӣ аст, ки солҳои баъд аврупоиён зоҳиран мустақил аз ӯ онро ихтироъ карданд. Вай ду қарн пеш аз Кеплер дар илҳоқҳои аввал ва дуюми нузҳат-ул-ҳадоиқ мадори Моҳ ва Уторидро байзӣ донистааст.
Кошонӣ миқдори «π»-ро бо диққати камназире ҳисоб кард ва синуси зовияи як дараҷаро бо истифода аз равиши такрори ҷолибе барои ҳалли муодилаи дараҷаи савум бо диққати чашмгире таъйин кард.
Вай ҳамчунин ду абзори нуҷумӣ бо номҳои «Табақат-ул-манотиқ» ва «Лавҳи итисолот» ибдоъ кард. Бино бар маълумоти андӯхтаи тарҷумон ва шореҳи рисолаи «Мифтоҳ-ул-ҳисоб»-и Кошонӣ ба забони русӣ донишманди маъруфи шӯравӣ, риёзидон, муаррихи илм ва шарқшиноси шинохта Борис Абрамович Розенфелд (1917–2008), Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ бузургтарин риёзидон ва ахтаршиноси садаи понздаҳуми милодӣ буд ва офаридаҳои ӯро дар баъзе аз заминаҳо бояд намунае аз ҳадди камоли дониш дар садаҳои миёна донист. Равишҳои олӣ, ки Кошонӣ дар мусоҳибаҳои худ ба кор мебурд ва техникаи устодонае, ки дар баровардҳо ва арзёбиҳои ӯ дида мешуданд, таваҷҷуҳи хоси донишмандони замони моро ба худ ҷалб кардааст.
Ҳар ҷо, ки номи Кошонӣ ба миён ояд аз пешиниёни ӯ Улуғбек, ки амири додгар ва донишдӯст ва ҳунарпарвар буд, низ ба эҳтиром ёд мешавад. Пас аз марги Улуғбек расадхона ҳам аз фаъолият бозмонд ва Алии Қушчӣ, ягона шогирд ва дастёри вай Самарқандро тарк кард ва соли 879 ҳ. дар Истамбул даргузашт.
Бояд гуфт, ки поёни кори Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ низ фоҷиабор анҷом ёфт. Ӯ дар субҳи рӯзи чаҳоршанбе нуздаҳуми рамазони 832 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 10‑уми тири 808 ҳиҷрии шамсӣ ва 22‑юми июни 1429 милодӣ дар маҳалли расадхонаи Самарқанд, ки худ тарроҳ ва сарпарасти он буд даргузашт.

Р.РАҶАБОВ.