Ё ҳикояи ҳам ғамангезу ҳам фараҳангезе аз рӯзгори як омӯзгор
Дар ёди ҳар инсон аз айёми кӯдакӣ хотираҳои ширину рангин боқӣ мемонад. Аммо дар ман чунин набуд. Бачагиям хеле дилгиркунанда гузаштааст. Модарам мегӯянд, ки гирёнчак будаам ва бисёр бемор мешудаам. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ пурзӯр набудам ва дар ёд надорам, ки бо касе муштзанӣ карда бошам. Вақти холии худро асосан бо китобхонӣ мегузарондам. Бисёр шеърро аз ёд медонистам. Футболро дӯст медоштам. Номи аксар футболбозон, қаҳрамонҳои филму сериалҳо дар хотирам буд. Хотираи хуб доштам ва инро пайвандонамон низ доим эътироф мекарданд.
Росташро мегӯям, ки шароити рӯзгорамон хуб набуд. Падару модарам кори аниқ надоштанд. Падарам бо корҳои муваққатӣ маблағ ба даст меоварданд. Инчунин, мусофириро ихтиёр карда, солҳои зиёд дар Русия барои беҳсозии шароити рӯзгорамон меҳнати сангин кардаанд. Дар ин хусус боре ҳам аз худашон нашунидаам. Ҳеҷ намегуфтаанд, ки барои мо заҳмат мекашанд, ранҷ мебаранд. Аз нақли пайвандон ва ҳамсоягонамон, ки бо падарам дар хориҷа кор карда буданд, мефаҳмидам, ки муҳоҷират мушкилоти зиёд дорад. Падарам барои камолоти мо бисёр заҳмат кашидаанд ва доим ба худ мегуфтам, ки кош замоне фаро расаду роҳати меҳнатҳои худро бинанд…
То ҳол як рӯзи умрам аз хотирам нарафтааст. Рӯзе дар чарогоҳ говпоӣ карда, пешин хона баргаштам. Модарам саргарми кор буданд. Шикамам гурусна буд. Хона даромада, дастархонро кушодам. Дар дастархон нон набуд. Ошхона рафтам. Орд ҳам намондааст.
Хоҳаронамро гирифтаму говҳоро пеш андохта, хонаи модаркалонам рафтем. Чунки шароити онҳо хеле беҳтар буд. Худам дар берун истода, ба хоҳаронам гуфтам, ки даромада нон бароранд. Росташ як нерӯи ботинӣ, шояд ғурур бошад, маро роҳ надод. Дар ҳамон лаҳзаҳо пеши худ аҳд кардам, ки ман бояд хонам. Соҳиби маълумоти олӣ, касбу кори муносиб гардам, то фарзандонам дар нодориву мушкилӣ ба камол нарасанд.
Таътили тобистона буд. Акнун синфи чорумро тамом карда будам. Рӯзе романи «Юлдузли тунлар» — «Шабҳои пурситора»-и Пиримқул Қодировро овардам ва онро дар фурсати кӯтоҳ хондам. Баъд аз ҳамон мутолиа машғулоти асосиам гардид. Лаҳзае бекор монам, ба даст китоб мегирифтам. Бисёриҳо мегуфтанд, ки китоб хонанд, зуд хобашон мебарад. Ва аз ман мепурсиданд, ки чӣ тавр аз китобхонӣ дилгир намешавам? Фикр мекунам, дар ман меҳр ба китобхонӣ пештар аз таваллудам — аз айёме, ки дар батни модарам будам, пайдо шудааст. Чунки модарҷонам дар он вақт бисёр китоб мехондаанд.
Ниҳоят меҳнати чандинсолаам самар дод. Аввал литсейи академӣ ва баъд Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистонро хатм кардам. Пас аз хатми донишгоҳ аз чанд ҷой кор баромад. Аммо қабул накардам. Ба зодгоҳи худ, деҳаи Оққӯрғони ноҳияи Пайариқ баргашта, дар мактаби рақами 84‑и зодгоҳ ҳамчун омӯзгори фанни «Забони англисӣ» ба фаъолият сар кардам. Танҳо бо як мақсад ба деҳа баргаштам: насли наврас, ҷавонони илмдӯсти деҳаро дар атрофи худ ҷамъ карда, ба онҳо дониш омӯхтан, барои дар ҳаёт роҳи худро ёфтан кӯмак кардан.
Дар ҳаёти ҳар як инсон рӯзҳои неку бад ҳастанд. Мисоли инро дар ҳаёти худам дидаам. Моҳи декабри соли 2012 ба клуби «Заковат» пайвастам. Ин воқеаи муҳиме дар ҳаётам гардид. Инак, тӯли чанд сол чун узви клуб дар бозиҳои интеллектуалии «Заковат» фаъол иштирок мекунам. Дастоварду комёбиҳоям низ дар ин самт бисёранд ва дар ин муваффақиятҳоям нақши падару модарам хеле бузург аст. Чунки онҳо ҳамеша маро дастгирӣ карданд. Ангезаи хуб доданд. Ҳатто ҳолатҳое шуда буд, ки барои ба шаҳр рафтан ва дар бозии «Заковат» иштирок кардан, пул надоштем. Дар чунин мавридҳо падарам қарз гирифта бошад ҳам, маро ба бозӣ мефиристоданд. Ба дониш андӯхтан, дар озмуну мусобиқа ва бозиҳои зеҳнӣ иштирок карданам эътибор медоданд. Бо як сухан, сармоя, сарвати худро ба таълими мо, фарзандон сарф менамуданд. Фикр мекунам, сарфи сармоя барои таълиму тарбияи фарзандон, ин беҳтарин ва самарабахштарин роҳ аст. Агар ҳар як падару модар дар зиндагӣ ба чунин тамоюл амал кунанд, дар кишварамон теъдоди кадрҳои соҳибистеъдоду ботаҷриба бамаротиб меафзояд ва кишварамон ба яке аз мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон табдил меёбад.
Ҳоло бе ҳеч дудилагӣ гуфта метавонам, ки илм маро аз нодориву ночорӣ наҷот дод. Дар ҳаёт роҳи худро ёфтам. Чанд бор дар сӯҳбат бо Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев иштирок намудам. Ду сол қабл пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳатман аз дасти Сарвари давлатамон ягон медал ё орден мегирам. Инак, имсол ба ин бахт мушарраф гардидам. Соҳиби медали «Келажак бунёдкори» шудам. Маҳз ба туфайли шавку дониши худ дар бозиҳои «Заковат» фаъол иштирок карда, бо маблағе, ки аз он ба даст овардам, ба падарам сабукрави «Спарк» тӯҳфа кардам. Гуфта метавонам, ки падарам ҳоло роҳати меҳнатҳои худро мебинанд.
Худоро шукр, ки дар атрофам садҳо нафар ҷавонон ҷамъ омадаанд. Шогирдони зиёдро асрори илм меомӯзем. Муносибат ва муомилаи одамон низ ба ман тағйир ёфтааст. На танҳо таваҷҷӯҳи волидон ба таълими фарзандон, балки эътибори наврасон низ ба донишандӯзӣ афзудааст. Умед дорам, ки дар оянда аз байни онҳо ҷавонони заковатманду боистеъдод ба камол расида, парчамбардори Ватан мегарданд. Танҳо дар ҳамин ҳол гуфта метавонем, ки ба мақсади пешгузоштаи худ расидам!
Баҳодур АНОРОВ,
ҷоизадори медали «Келажак бунёдкори».
